Тақозои Раҳмон аз истифодаи неруҳои эҳтиётӣ. Оё хатари таҳдид ҷиддӣ аст?

Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО
Дирӯз, 22 апрел Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар суҳбат бо сарони мақомоти интизомӣ тақозо кард, дар сурати зарурат барои тақвияти марз ва таъмини амнияти марзӣ аз неруҳои эҳтиётии қувваҳои мусаллаҳ истифода шавад. Матраҳ шудани ин масъала аз сӯйи раисиҷумҳур ин суолро халқ кардааст, ки оё хатари эҳтимолӣ дар марзи Афғонистон воқеан ҷиддӣ аст? Қаблан, бархе коршиносон хатари ҳамлаи ДИИШ ба Тоҷикистон ва дигар гуруҳҳои ифротгароро аз имкон берун медонистанд. Як гуруҳ аз ин коршиносон ҳадс мезаданд, Русия барои таҳти назорат гирифтани марз ин хатарро бузург менамояд. Аммо ҳоло ҳарфи ин хатар дар баландтарин долонҳои ҳукумати Тоҷикистон садо медиҳад.
Коршинсон таҳдиди хатар аз сӯйи марзи Афғонистонро инкор намекунанд. Сафват Бурҳонов, таҳлилгари масоили сиёсӣ бар ин аст, ки хатар вуҷуд дорад, аммо, решаи ин хатар дар кадом хок пинҳон аст, бояд ҷустуҷӯ шавад. Оқои Сафват меафзояд, неруҳои гӯё “исломӣ” ҳамагӣ фоҳишаҳои ду кишвар -- Амрико ва Русия ҳастанд: “Онҳо ҳеч гоҳ хостаи худро надоранд. Ҳоло Тоҷикистон бо Амрико мушкиле надорад, лекин Русия бояд нуфузи худро тақвият диҳад. Аз ин хотир сагҳои ҷангии худро сӯи мо “киш киш” медиҳад”.
Маҳдӣ Собир, коршиноси умури амниятӣ мегӯяд, ҳукуматҳо дар замони муосир масъулияти таъмини бехтарии амнияти кишварро бар душ доранд. Аз ин ҷост, ки гоҳо мавқеъгирӣ менамоянд. Ба гуфтаи ӯ, аз сабаби он ки ҳоло вазъият дар шимоли Афғонистон буғранҷ мебошад, вазифаи неруҳои қудратӣ ин аст, ки бояд дар ҳолати омодабош қарор бигиранд. Аммо ба иддаои ӯ, ҳоло ба Тоҷикистон хатар таҳдид намекунад: “Лекин мо бояд ҳамеша неруҳои қудратиамонро тақвият бидиҳем, чуноне ки дар ҳамаи кишварҳо ҳамин тавр мекунанд. То ин ки душманони давлати мо эҳсос намоянд, ки мо ҳам қудрат дорем ва ҳеч гоҳ иҷоза намедиҳем, ки адуе бо нияти бад вориди кишвари мо шавад. Дигар ҳеч таҳдиду хатаре нест ва эҳсос намешавад”.
Бо ин ҳол, гуруҳе аз коршиносон таъкид мекунанд, хатари таҳдид ба марзҳои кишварҳои Осиёи Миёна бештар дар сарҳадоти Туркманистон вуҷуд дорад, на Тоҷикистон. Фариддун Ҳодизода, коршиноси умури амниятӣ мегуяд, “гуруҳҳои ифротгаро дар як ду моҳи ахир қасди ҳамла ба минтақаи Осиёи Миёнаро надоранд. Онҳо шояд пас аз ним сол даст ба ҳамла бизананд. Дар зимн ин нуктаро ёдовар мешавам, ки бар тибқи гузориши расонаҳо Толибон дирӯз эъълон кард, ки амалиёти баҳориро бо номи “Азм” дар муқобили неруҳои қудратии Афғонистон амалӣ мекунанд. Албатта, ин як хатар аст. Ва бояд гуфт, ки дар шимоли Афғонистон Толибон дар қад-қади марзи Турманистону Афғонистон ҷо гирифтаанд ва хатари ҳамала ба Туркманистон бештар аст”.
Ин коршинос дар идома меафзояд, барои муқобила бо ин таҳдидҳо бояд, артиши қавӣ дошт, ки аз ҳама ҷиҳат омода бошад. Ба таъкиди ӯ, “аввал сарбоз бояд шикамаш сер бошад, дувум нағз хоб равад, севум либоси хуб дошта бошад ва чаҳорум талаб кунем, ки омодагии ҳарбии олӣ дошта бошад”.
Дар ин баробар Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик мегӯяд, баъзан расонаҳои Русия хатари таҳдидро беш аз ҳад нишон дода, муболиға мекунанд, ки дар пайи ин ҳадафҳои сиёсии Маскав нуҳуфтааст. Оқои Муллоҷонов меафзояд, “бо мурури замон вобаста ба он ноамниҳое ки дар Афғонистон ба вуқӯъ мепайвандад таҳдидҳо афзоиш меёбад. Аммо ин таҳдидҳо баъзан бо муболиға дар расонаҳои Русия инъикос мешавад. Онҳо бо мақсадҳои сиёсӣ кушиш мекунанд, муболиға кунанд ва ҳатто бо ин муболиғаҳо ба фазои сиёсӣ таъсир мерасонанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |