Бахшҳо
23 апр 2015 10:53Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Душанбе: Ҷаримаи ронандаи “БМВ-Х6” барои маҷруҳ кардани ноболиғ

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Комронҷон Икромови 27-соларо барои маҷруҳ кардани духтари ноболиғ дар маркази Душанбе 5 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод, ронандаи ҷавон бе боваринома барои идораи воситаи нақлиёт, сари фармони мошини “БМВ-Х6” нишаста, ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Рӯдакӣ аз тарафи кӯчаи Исмоили Сомонӣ ба тарафи кӯчаи Лоиқ Шералӣ ба ду духтари ноболиғи пиёдагард роҳ надода, яке аз онҳоро маҷруҳ кардааст: “Бо оинаи тарафи рости мошин хоҳарон Акрамова Фариза ва Бибиоишаи 9 ва 10 соларо аз пой афтондааст. Дар натиҷа Фаризаи 9-сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст”.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мегӯяд, ронанда дар мурофиа гуноҳашро пурра иқрор кардааст ва додрас барои нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ Икромовро ба андозаи 125 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 5 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима бастааст.
Мӯҳр
Пиёдагард
Ҷарима ба фоидаи давлат ку маълум, аммо зарари ҷисмонии хоҳараки моро, ким ҷуброн мекунад???

Озодагон ба гуфти хдт бояд ронандаи БМВ Х6-ро суд мекардан хммм?
Хаму ронандаи бечора хамин корро намехост хай хаетай такдирай насибай яке хамитаои шудай дар конун чизе буд судя аз руи хамон хукм баровард.
Чаноби Оли гуфта буданд ки вазифаи суд пракурор милиса агентии корупсяи паси панчара кардани шахрвандон нест бояд тарбия кунед!!!
Ами сайти озоди факат проблема мекова як бор ба сайтои хоричи назар афканед, о Шумо хам барои баланд бардоштани сатхи маьрифатнокии миллат сахм гузоред

.
Султон,

Бе боваринома ба мошини касе нишастан ин угон автомобиля аст. Барои ин срок пешбини шудааст. Гайр аз ин бояд праваша лишать кунанд.

Истиклол
Чинояткор бояд чазошро бинад! Ин чи гап чарима карданду халос, саломатии нобилигро ки баркарор мекунад.
Пешниходи ман хамин аст:
1.Барои маҷруҳ кардани духтари ноболиғ чинояткор чихати баркарор намудани саломатии он пурра табобати онро ба ухда гирад.
2.Чинояткор 5000 нею балки 50000 чарима супорад, ки ба дигарон дарс шавад.

Салом ба хама!
О чарима ба фоидаи давлат чаро? Он бечора духтаракро ки табобат мекунаду маблаги докторхоро ки чуброн мекунад!!???? Давлат барои халк аст ва бояд ба халк кумак намояд!! на ин ки аз бадбахтии дигар кас ба худаш муфт фоида гирад..... Вой бар холатон аз Аллох битарсед ва моли ятиму бечорагонро нахуред!!!!

ташаккур барои маълумот!!

Ачиб БМВ и бачаи раис 3 кушту 2 мачрух кард 7 экспертиза чарима 120сомони ин бетага барои чарохат 5000момони чаро хама оромед эй мардум магар адолатро намебинед

.,
.,
.,
.,

.Бародар хами сохиби Х6 нею сохиби ягон опели шалак мешид, ягон таксисте, ки базур рузша мебина ба таксистиш, бовар ку говсудш мекадан!!!!! Мо и рузода хамика мебинем хами холатхора ки то бас гуфтана. Я камбагал боша даравда паси панчара мекнанша, судш мекнан мера.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)