Лигаи якуми футбол. Қувваозмоиҳо аз якуми май оғоз мешаванд
Рӯзи чоршанбеи 22 апрел дар шаҳри Душанбе қуръакашии тақвими сабқати лигаи якуми Тоҷикистон баргузор шуд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар мавсими имсола дар лигаи якум 13 даста иштирок хоҳад кард. Манбаъ мегӯяд, “Саройкамар” (Панҷ), “Кӯктош” (Рӯдакӣ), “Исфара” (Исфара), “Эсхата” (Хуҷанд), МТО (Хуҷанд), “Канд” (Конибодом), “Зарафшон” (Панҷакент), “Локомотив” (Душанбе), “Ҳосилот” (Фархор), “Ҳулбук” (Восеъ), “Панҷшер” (Ҷалолиддини Румӣ), “Чашма” (Шаҳритус) ва “Умед” (Душанбе), ки аз ҳисоби бозингарони тими мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон созмон шудаст, бо ҳам вориди рақобат мешаванд.
Даври аввали мусобиқа рӯзи якуми майи соли равон оғоз мегардад. Дар ин рӯз МТО бо "Ҳосилот", "Саройкамар" бо "Локомотив", "Канд" бо "Исфара", "Умед" бо "Ҳулбук", "Панҷшер" бо "Зарафшон" ва "Куктош" бо "Чашма" қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |