Коршинос: Туркманистон сиёсати бетарафияшро тағйир диҳад

Дмитрий Верхотуров, сиёсатшинос ва коршиноси Маркази омӯзиши Афғонистони муосир (Маскав) гуфтааст вобаста ба вазъе, ки дар Афғонистон рух додааст ва хатароте, ки ба сарҳади Туркманистон таҳдид мекунад, ин кишвар бояд сиёсати бетарафии худро бознигарӣ кунад.
Верхотуров гуфтааст, ки “дар соли гузашта Туркманистон бори аввал бо хатароти ҷиддӣ аз ҷониби Афғонистон бархӯрд кард. Отряди толибон ба сарҳадбонони туркман ҳамла намуданд. Бо гузашти вақт вазъият дар марзи Туркманистону Афғонистон бадтар шудааст. Бо тағйири зудҳангоми вазъ дар марзи ин ду кишвар Туркманистонро зарур аст, ки сиёсати бетарафии худро бознигарӣ намояд ва дар ҷустуҷӯйи мутаафиққине бошад, ки битавон дар рӯзҳои сахт ба онҳо такя намуд”.
Ҳоло бар асоси иттилои расонаҳои Афғонистон минтақаи Фороби Шибирғон мавзее, ки бо ҷануби Туркманистон хатти марз дорад, бисёр ноором ва таҳти назорати гуруҳи “Толибон” гуфта мешавад.
Ин коршинос ҳамчунин гуфтааст, ки нуфуз пайдо кардани “Давлати исломӣ” дар Афғонистон барои Туркманистон хатари бештар дорад. Зеро ҳадафи “Давлати исломӣ” аз тариқи Афғонистон Эрон аст ва Туркманистон бо Эрон марзҳои муштарак дорад. Омодагиҳои барои ҳуҷум ба Туркманистон ҷузъе аз тратегияи ДИИШ аст, зеро онҳо душмани заифро меҷӯянд ва Туркманистон маҳз барои онҳо чунин кишвар аст,-изҳор доштааст Верхотуров.
Ин коршинос гуфтааст, ки Туркманистон бояд ба узвияти доимии Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ворид шавад, зеро роҳи дигари ҳимоя надорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |