Президент ба амниятию қудратиҳо: Зарур бошад, эҳтиётиҳоро ҳам сафарбар кунед...

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз, 22 апрел бо аъзои Шӯрои амният, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, сохторҳои қудратӣ, роҳбарияти Агентии назорати маводи нашъаовар ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Фармондеҳи қушунҳои сарҳадӣ машварати корӣ доир намудааст.
Тавре аз дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дар машварат бо назардошти авзои кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва махсусан вазъият дар давлати ба мо ҳамсояи Афғонистон, масъалаи таъмини амнияти сарҳадот, мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуд. Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, Эмомалӣ Раҳмон хостори беҳбуди омодагии низомиёни кишвар шуда, таъкид намудааст, ки дар сурати зарурӣ афроди эҳтиётии қувваҳои мусаллаҳ низ сафарбар шаванд: “Доир ба вазъи таъмини амнияти сарҳади миёни Тоҷикистон бо Афғонистон ва бо мақсади мустаҳкам намудани сарҳадот дастур дода шуд, ки барои баланд бардоштани омодагии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан қӯшунҳои сарҳадии кишвар ва дар ҳолатҳои зарурӣ аз сафи эҳтиётиёни ба ҳайтаи шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ қарор дошта ва дигар сохторҳои низомӣ истифода бурда шавад”.
Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа хамчунин аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир изҳори нигаронӣ карда барои пурзур намудани мубориза бо он супоришҳои мушаххас дод: “Дастуру ҳидоятҳо ҳамчунин доир ба пурзур намудани мубориза бо коррупсия, ки аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон эълон гардидааст, дода шуд”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур илова намуд, Эмомалӣ Раҳмон ба тақвияти мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гароиши баъзе ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дигар ҷинояту қонуншиканиҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд: “Дар машварат инчунин рафти иҷрои Фармони Президенти Тоҷикистон дар бораи даъвати навбатии шахрвандон ба хизмати ҳарбӣ баррасӣ ва пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ, беҳсозии таъминоти моддию техникии сохторҳои низомӣ амри муҳим дониста шуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |