(ВИДЕО) Дар бораи Бахтиёр Худоназаров: “Одамони мисли ӯро ҳифз кунед”
Имрӯз, 22 апрел дар толори “Тоҷикфилм” бо ҳузури иддае аз ҳунарпешагон ва синамогарони тоҷик маросими ёдбуди коргардони маъруф -- Бахтиёр Худоназаров баргузор шуд.
Сафари Ҳақдод, раиси Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон гуфт, имрӯз аз як дӯстам аз Шветсария номаи тасаллият гирифтам: “Ӯ дар номааш навиштааст, ки “ҳанӯз қадам задани Бахтиёр Худоназаров рӯи қолини сурх ҳангоми гирифтани ҷоизаи "Шери нуқра" дар ҷашнвораи филми Венетсия пеши назарам меояд. Бахтиёр коргардони тавоно буд. Одамони мисли ӯро ҳифз кунед”.
Марям Исоева, ҳунарманди шинохтаи тоҷик мегӯяд, “мо ҳама ифтихор дорем, ки фарзанди тоҷик бо орзуҳояш пас аз коргардонҳои забардаст ба мисли Борис Кимёгарову Тоҳир Собиров кинои тоҷикро ба тамоми дунё бурд”.
Саъдулло Раҳимов, мунақиди синамо қайд кард, “Бахтиёр Худоназаров дар филмҳояш ханда, фоҷеа ва тахаюлро ба ҳам меовард. Ӯ зиндагиро ба пардаи синамо мекашид”.
Бахтиёр Худойназаров, коргардони маъруфи тоҷик, ки аз бемории саратон ранҷ мебурд, дар шаҳри Берлини Олмон даргузашт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |