Бахшҳо

Президенти Академия: Як кас агар 40 сол роҳбарӣ кунад, дигарон роҳбарӣ накунанд?

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд раҳбарони нави пажуҳишгоҳҳои фарҳангистони улум ба сатҳи директорони пешин нестанд, аммо шахсони пурэнержӣ буда, қобилияти кор карданро доранд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 20 апрел бо имзои қарорҳои ҳукумат директорони панҷ институти Академияи илмҳоро аз вазифа барканор ва ба ҷои онҳо нафарони навро таъин кард. Бо қарорҳои ҷаноби Раҳмон, Абдураҳмон Маҳмадов, собиқ декани Факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллӣ (ДМТ) ва собиқ ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба ҷои Абдувоҳид Шамолов директори Институти фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии Академияи улум, Зикриё Акрамов декани собиқи факултаи таърихи Донишгоҳи миллӣ ба ҷои академик Раҳим Масов директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ, Акобир Мирзораҳимов, собиқ декани факултаи биологияи ДМТ ба ҷои Абдусаттор Саидов директори Институти зоология ва паразитология ва Лутфулло Саидмуродов собиқ вакили парлумони Тоҷикистон ба ҷои Олим Бобоев директори Институти иқтисодиёт ва демография ва Сахидод Хоркашов ба ҷои академик Акбар Турсон директори Институти забону адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ таъин шуданд. Сабаби барканории Акбар Турсон ва Раҳим Масов, баромадан ба нафақа гуфта мешавад, аммо ба иттилои расида, онҳо ба ҳайси корманд фаъолияташонро дар Академияи улум идома хоҳанд дод.

Дар пайи ин тағйирот бархе соҳибназарон гуфтанд, раҳбарони нав тавоноии директорони пешинро надоранд. Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон рӯзи 21 апрел дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, “албата, касе инкор намекунад, ки Раҳим Масов ва Акбари Турсон ба сатҳи баланди академикӣ расиданд, лекин ҳар кас мувофиқи синну сол, мувофиқи қобилияти ҷисмонӣ кор мекунад ва ҳақ дорад, ки истироҳат намояд. Дигар ин ки, ҷавонон кай соҳиби вазифаҳои роҳбарӣ мешаванд?”

Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи панҷ нафаре, ки тоза ба вазифа таъин шуданд, доктори илм буда, дар замони шӯравӣ таҳсил кардаанду соҳиби унвонҳои илмӣ шудаанд. Онҳо шахсиятҳое ҳастанд, ки дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ кор кардаанд: “Ё декан будаанд ё ректор ё дар дигар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият намудаанд. Имрӯз вақт аст, ки энергияи бисёр доранд, нерӯи зеҳнии хуб доранд ва аз қобилияти ҷисмонии хубе бархӯрдор мебошанд, ки барои илми тоҷик хидмат кунанд. Ҳамаашон шахсиятҳо арзанда, варзида, дорои дараҷаҳои баланди илмӣ ҳастанд. Худ як бор фикр кунед, як кас агар 30 сол, 40 сол роҳбарӣ кунад, пас дигарон роҳбарӣ накунанд?”
Мӯҳр
Истиклол
Раҳим Масов ва Акбар Турсон бисер олимони бузург хастанд, ки инхоро дар тамоми чахон мешиносанд, синну солашон расида бошанд хам холо хам метавонанд ба Ватан модар хизмат кунанд. Яъне, ки ба вазифаи мушовири АИ ЧТ таъин карда мешавад.

Tojik
"бо имзои қарорҳои ҳукумат" чи маъно дорад?

Гапи хакро задед устод Фарход Рахими...Истиклол ту зик нашав иншоАллох инхоро хам охиста охиста чахон мешиносад...гуфти гапхои кампиро ки хеч кас аз хавою аз (.........) раис нагалтидааст...агар чавононхоям дастгири кунанд хамаш хуб мешавад....

САСАСА
Магар хамин суолро як маротиба ба президент додаед? Мухтарам Фарход Рахим!

точики бечора
Мухтарам Фарход Рахим,хамин суханонро як фикр карда мегуфтед.Замон хассосу суханчин бисер.Боз ягон качфахми ё тахриф нашавад.

пари
ба академики асил вазифаю курси лозим нест - вай бояд илм пеш барад, навовари орад, на ин ки 20 варак имзо кунад дар як рузу бензину когази туалет таксим кунад бо имзову мухр

Сомони
Аввалаш ин ки калимаи Турсон вучуд надорад ва он Турсун аст. Ва баъд Масов ва Акбар Турсун бо кадом китобхояшон дар чахон машхур шудаанд. То чое ман огохам онхо ингуна асар надоранд ва дар илм ягон навоварии кобили таваччух накардаанд ва онхоро берун аз Точикистон касе намешиносад.
Вокеан рохбаронро чавон кардан лозим. Дар Аврупо коидаи хуб чори аст, беш аз ду навбат, яъне 10 сол рохбари намекунанд ва баъди 65 ба нафака мебароянд. Дар Точикистон ба курсии рохбари ки нишастанд ба он мечаспанд ва то мурданашон онро сар намедиханд. Ин хам як нишонаи кафомондагии мо аст.

хонанда
Мухтарам Фарход Кодирович! Хамин тагйирот ба аъзои Раёсати Академия рафикон - Кароматулло Олимов, Одинаев С ва Ёкубова хам дахл доранд? Синни баъзеи онхо аз Бобои Одам хам гузаштааст?

Хайрият Худо гами Ф.Рахимиро хурдаасту у 23 сол нагуфта 40 сол дар як вазифа кор мекунад гуфтааст. Набошад каппаш дууд мекард... Хайрият.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)