Дӯсти Бахтиёр Худойназаров: Ӯро дурӣ аз Ватан кушт

Темур Бирназаров, коргардони маъруфи қирғиз, ки бо марҳум Бахтиёр Худойназаров робитаи дӯстӣ доштааст, изҳор медорад, Худойназаровро дурии тӯлонӣ аз Ватан кушт.
Бирназаров дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, то ҷое медонад Бахтиёр сактаи ахирро моҳи апрели соли гузашта, зимни банаворгирии филмаш дар Арал паси сар карда буд: “Дили васеи ин коргардони маъруф дигар натавонист бори гарони ғурбати тӯлониро бардорад. Марг ӯро дар дурӣ аз Ватан дарёфт. Аз ҳама ҳузновараш он аст, ки дар Тоҷикистон натавонистанд, ба таври лозимӣ ҳунари Худойназаровро қадрдонӣ кунанд. Дар Ватан Бахтиёр аз эҳтирому маҳбубияти хосе бархӯрдор набуд”.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи коргардони қирғиз Худойназаров давоми даҳсолаҳои ахир яке аз пешсафони синамои тоҷик буд: “Бо филмҳояш дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳунари филмсозии тоҷиконро муаррифӣ мекард ва дидгоҳи хосаш ба ӯ ҷоизаҳои байналмилалию шуҳрат овард”.
Бахтиёр Худойназаров, коргардони маъруфи тоҷики сатҳи ҷаҳонӣ рӯзи 21 апрел дар соли 50-уми умраш, дар пайи ранҷи тӯлонӣ аз бемории саратон дар шаҳри Берлини Олмон аз олам чашм пӯшид. Мақомоти умури хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, омодаанд барои интиқоли ҷасади Худойназаров ба Ватан мусоидат кунанд, аммо наздикони ӯ хостаанд, дар Берлин ба хок супорида шавад.
Бахтиёр Худойназаров 29 майи соли 1965 дар Душанбе таваллуд шуда, дар Тоҷикистон ба ҳайси рӯзноманигор ва ёвари коргардон дар “Тоҷикфилм” кор кардааст. Баъди хатми донишкадаи умумииттифоқии кинематографӣ дар соли 1989 ба таҳияи филмҳо машғул мешавад. “Дар интизори баҳр", "Братан", "Қош ба қош", "Падари моҳтобӣ", "Шик" ва "Танкери Танго" аз маъруфтарин филмҳои ӯ мебошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |