Бахшҳо

Вазири фарҳанги Русия: Марги Худойназаров ноодилона аст...

Владимир Мединский, вазири фарҳанги Русия бо ирсоли барқияи тасаллият ба наздикону ҳамкорони коргардони маъруфи тоҷик -- Бахтиёр Худойназаров, марги ӯро дар синни ҷавонӣ ноодилона хонд.

Мединский дар барқияи худ таъкид намудааст, ки Бахтиёр Худойназаров он қадар филми бисёре таҳия накардааст, вале ҳар яке аз филмҳои ӯ бо ҷоизаҳои зиёд қадрдонӣ шудаанд, зеро эҷодиёти ӯ самимӣ ва инсонгароёна аст. “Аз даст додани чунин ҳунармандон дар синни ҷавонӣ, ки метавонистанд бисёр корҳои дигареро анҷом бидиҳанд, хеле ҳузновар ва ноодилона аст. Филмҳои Бахтиёр Бобоҷонович ҳамеша бо мо хоҳанд монд”-омадааст дар барқияи вазири фарҳанги Русия.

Марги Бахтиёр Худойназаров дар сархати расонаҳои маъруфи Русия қарор гирифта, аксари онҳо Худойназаровро ҳамчун коргардони Русия муаррифӣ кардаанд.

Бахтиёр Худойназаров, коргардони маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ рӯзи 21 апрел, дар соли 50-уми умраш, дар пайи ранҷи тӯлонӣ аз бемории саратон, дар шаҳри Берлини Олмон аз олам чашм пӯшидааст.

Мақомоти умури хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, омодаанд хароҷоту расмиёти интиқоли ҷасади Худойназаровро ба Ватан таъмин кунанд, аммо наздикони ӯ хостаанд, ҷасадаш дар Берлин ба хок супорида шавад. Худойназаров солҳои охир бештар дар Маскаву Берлин зиндагӣ мекард.

Бахтиёр Худойназаров 29 майи соли 1965 дар Душанбе таваллуд шуда, дар Тоҷикистон ба ҳайси рӯзноманигор ва ёвари коргардон дар “Тоҷикфилм” кор кардааст. Баъди хатми донишкадаи умумииттифоқии кинематографӣ дар соли 1989 ба таҳияи филмҳо машғул мешавад. “Дар интизори баҳр", "Братан", "Қош ба қош", "Падари моҳтобӣ", "Шик" ва "Танкери Танго" аз маъруфтарин филмҳои ӯ мебошанд.
Мӯҳр
Марги Бахтиёр Худоназаров ин хамӯшшавии чароғи фурӯзонест, ки торикиҳои воқеияти зиндагии моро рушан мекард. Ҳар ки боре раҳи эҷодро паймудааст, бо ҳама ҳастӣ дарк мекунад, ки даргузашти як ҳунарманд, хоса коргардони хуби кино ин аз даст додани устоди хуби як мактаб аст. Бахтиёр устоди ҳамаи мост; устоди онҳое, ки дар майдонҳои киносози аз ӯ кор омухтаанд, устоди онҳое, ки бо тамошои филмҳояш шавқи киносозӣ дар дил пайдо кардаанд... Ёдат ба хайр, Устод!

Марги Бахтиёр Худойназаров ин хамӯшшавии чароғи фурӯзонест, ки торикиҳои воқеияти зиндагии моро рушан мекард. Ҳар ки боре раҳи эҷодро паймудааст, бо ҳама ҳастӣ дарк мекунад, ки даргузашти як ҳунарманд, хоса коргардони хуби кино ин аз даст додани устоди хуби як мактаб аст. Бахтиёр устоди ҳамаи мост; устоди онҳое, ки дар майдонҳои киносози аз ӯ кор омухтаанд, устоди онҳое, ки бо тамошои филмҳояш шавқи киносозӣ дар дил пайдо кардаанд... Ёдат ба хайр, Устод!

заб одаме мурдай як
бедину беэмон.ягон чои хасрату афсус нест

заб одаме мурдай.як бедину беэмон.ягон чои хасрату афсусхури нест

Одина
Nabi,
Эй душмани ман ба мурданам шод мабош, На дусти ман монаду на душмани ман. Бародарчон наход мусулмон ин хел гапхои бе маъне нисбат ба шахси фавтида гуяд. Рости аз Шумо барин мусулмонхода Яхудиё мусулмонтаранд. Бе ришу бе сатр онхо аз мода мусулмонтару одамгариашон ба дарачаи аъло хаст нисбати якдигарашон.

Nabi,
Ман хамин шодравонро намешиносам аммо ба даргохи Худо дуо мекунам ки гунохояшро махфират кунаду азоби гурро аз ин кас бардошта кунад.
Ту аз кучо медони ки ин бе дину бе имон аст????
Мисли базе пиротон худпараст нашаведу аз худатон авлиеву паембар натарощед!!!
Шояд ин нафар дар назди Аллох коре кардааст ки ту дар тамоми умрат 0,1%-ашро карда натавони. Аз Худо битарс Садкаи номи Наби шави
Ки бихишт мераваду ки духах инро танхо Худо медонад.

Довуд
Одина дуруст гуфтед. Наход мусалмони дар мазхаби Ханафи буда чунин гапхои ифротангез иброз дорад. Ман хайронам ОЗОДАГОН чаро чунин комментарияхои бемантику ифлосро чой медихед.

Одина,
Рост меган хайр чи мурдайура дига воима карда мегарден.

Довуд
Наби
Сами
Шумо меген, ки "заб одаме мурдай". Охир шумо бген, ки барои миллату ватанатон- Точикистон чи кор карден. Кани бген. Бахтиёр Худоназаров дар хами ватани мо таваллуд шуда, филмхош кати фахмидан, ки ин мардак точик будаю ин Точикистон хам чунин филмхо мебаровардааст. Ба гайр аз ОСКАР филмош дигар хама чоизахора гирифт. Бо чи мефорат.??????? Охир итари бадам не да.

Аллохам Бахтиерро магфират бикунад ва аз азоби гур рахо кунад, ин точикмард обруи Точикистонро дар хоричи кишвар боло мебардошт афсус ки на хама точик мисли рахмати хизмат карда метавонад.

Адолатхох
Khudo rahmat kunad barodar Bahtiyor-ro misli in barodar shahsiyathoi buzurg dar digar sohahoham hastand Ammo afsuski az in rezhim megurezand agar in rezhim hami barodaro surnamekard va kasbash ro qadurdoni mekard Filmi tojik kameham boshad peshmeraft gufti SHON-MC ki Tojikiston bargardon garibota

Эй дуст, бар чанозаи душман чу бигзари, Шоди макун, ки бар ту хам ин мочаро расад! Худойназаровро дар дунё мешинохтанд, лекин самию набиро хар намешиносад!

точики бечора
Худо рахмат кунад,инсони хунарманд, ифтихори точикон...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)