Бахшҳо
21 апр 2015 14:47Тоҷикистон / Сиёсат

Тоҷикистон “Оши Палав”-у “Фалак”-ро ба рӯйхати ЮНЕСКО пешниҳод кард

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон “Оши палав”-ро ба Феҳристи фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО пешниҳод кардааст.

Тавре аз ин ниҳод иттилоъ доданд, феълан аз ҷониби мутахассисони вазорат омӯзиши илмӣ, ҳуҷҷатнигорӣ ва таҳияи матни мукаммали номгӯйи "Оши палав" дар бахши таомҳо ва анъанаҳои миллӣ ба анҷом расида, ҳуҷҷатҳо аллакай пешниҳод гардиданд. Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистон дар бахши санъати иҷросозӣ мусиқии суннатии тоҷик -- “Фалак”-ро низ ба мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО пешниҳод намудааст.

Ин пешниҳодҳо дар ҳолеянд, ки дар ҷаласаи навбатии Кумитаи байниҳукуматии ЮНЕСКО оид ба мероси ғайримоддии фарҳангӣ, ки соли равон дар Намибия доир мегардад, "Чакан" барои ворид намудан ба Феҳристи фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Ба иттилои Вазорати фарҳанг, ҳоло аз ҷониби мутахассисон корҳо дар самти пешниҳоди ҳунари "Читгарӣ" ва номгӯйи "Атлас" ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО идома доранд. Масъулини Вазорати фарҳанг муътақиданд, пешниҳоди номгӯйҳои мазкур имконияти мусоиди муаррифии фарҳанги ғановатманди миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, барои гиромидошт, ҳифз ва ба наслҳои оянда интиқол додани он имконият фароҳам меоранд.
Мӯҳр
Салмон
Ба ҷои “Оши Палав”-у “Фалак” хуб мешуд риштароши, масҷид маҳкамкуни, бесатри ва бединиро пешниҳод мекард.

Охир ин оши палав аз точико нест, ку мо бояд куртобро пешниход мекардем

Dev
Peshnihodi hub , vale nomi taomro rushanu vozeh dar meboyad eft,to ki ba"d taassufhuri nashavad. Ba nazari man "Palav" ne "Palab" boyad boshad!

Насибҷон
Файз,
Ба Файз. Аз ҷумлаат рӯшан аст, ки ту , Файз, тоҷик нестӣ. Агар тоҷик ҳам бошӣ, аз таърих ва фарҳангамон бӯйе ҳам набурдаӣ. Палав яке аз хӯрокҳои асосӣ ва ба навиштаи мардумшинос Шишов, хӯроки ашрофии(аристократӣ) мост. Ин хӯроки миллиамон, ки онро дар меҳмондорӣ охирин хӯроки дастархон меноманд ва пас аз хӯрдани он меҳмон бояд " як лаҳза набошад"( " пас аз ош, як лаҳза мабош"). Дар ҳама ҷои тоҷикнишин, чи дар Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Ҳисор, Хатлону Зарафшон, Дарвозу Бадахшон, Кобулу Балх, Ҳироту Шероз, Исфаҳону Машҳад, Чусту Тирмиз, Риштону Сӯх ... палав хӯроки маъракаи шодиву ғам ва зеббахши дастурхони тоҷикон аст. Дигар ақвоми минтақа пухтани палавро аз мо, тоҷикон ёд гирифтаанд. Аз ин нигоҳ, ту, Файз, пеш аз ин ки чизе бигӯӣ, нахуст андеша кун, то доштаҳоямонро бо ду дасти адаб ба бегонагон наспорӣ ва ё бо ҳарфи ноҷо дӯстро душман нагардонӣ.

Ба назарам хамин корхоро вакти шахраки Саразмро ба ЮНЕСКО пешниход кардан огоз мекардед. Акнун 10 соли дигар аз паси ин мавзуъхо даву тоз хохед кард, илохо ин номгуйхо дар ЮНЕСКО эътироф шаваду хамсоягони мо, ки хамаи чии моро аз они худ карданиянд сухта муранд...

Рустами Достон
Ин андешаи нестандарчахон аз магзи кадом хирадманд баромада бошад. Масхарабози. Наход дар фарханги чандинхазорсолаи точикон ягон чизи арзандатар барои ба Юнеско пешниход кардан ёфт нашавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)