Ҷамъбасти “манфӣ”-и кори Хадамоти гумрук: Нақша 75,9% иҷро шудааст
Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ки роҳбарии он охири семоҳаи гузашта аз Рустами Эмомалӣ ба Абдуфаттоҳи Ғоиб вогузор шуд, дар се моҳи аввали соли равон аз уҳдаи иҷрои нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ набаромадааст.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, тибқи қонун дар бораи буҷа барои соли 2015, Хадамоти гумрук бояд дар семоҳаи аввали соли равон ба хазинаи давлат 950,0 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ворид мекард: “Аммо дар ин давра ҳамагӣ 720,7 миллион сомониро ба буҷа ворид намудааст, ки 75,9%-и нақшаро ташкил медиҳад”. Тайи семоҳа маъмурини гумрук натавонистаанд, қариб 230 миллион сомонии нақшаро ба буҷа ворид кунанд, ки ин нишондоди бесобиқа тайи солҳои охир аст.
Манбаъ афзуд, ки тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2015 ба маблағи 965,7 млн. доллари амрикоӣ баробар шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 ба маблағи 121,4 млн. доллар кам буда, 88,8%-ро ташкил додааст: “Аз маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ 751,8 млн. доллар ба воридот ва 213,9 млн. доллар ба содирот рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 воридот 146,1 млн. доллар коҳиш ёфта, 83,7%-ро ташкил додааст, содирот бошад ба маблағи 24,7 млн. доллар зиёд гардида 113,1% афзоиш ёфтааст”.
Ба иттилои Хадамоти гумрук дар семоҳаи аввал 1 ҳазору 379 ҳолати қонуншикании гумрукӣ ошкор карда шудааст, ки дар натиҷаи баррасии онҳо 1205 нафар шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мансабдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 17 миллиону 462 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ва 912 ҳазору 723 сомонӣ ҷарима ситонида шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |