Савдо дар Рӯдакӣ: Кӯдакро арзон хариду қиммат фурӯхтанӣ шуд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду зану як мард хабар дод, ки дар харидуфурӯши тифли навзод муттаҳам мешаванд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар пайи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян кардаанд, ки санаи 14 апрел, сокини 47-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, бо маслиҳати пешакӣ аз зани 24-солаи ноҳияи мазкур духтари навзодро ба маблағи 1500 сомонӣ харидорӣ намуда, рӯзи 18 апрел бо маслиҳати пешакӣ онро ба марди 43-сола аз ноҳияи Ҳисор ба маблағи 5200 сомонӣ фурӯхтанӣ мешавад. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, мард ният доштааст, кӯдакро барои як зани 23-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ харидорӣ намояд.
Ба иттилои ВУД, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |