Дар 7 рӯз: Чор ҳодисаи худкушӣ дар шимоли Тоҷикистон
Дар қаламрави вилояти Суғд чанд ҳолати ба ҷони худ қасд кардани сокинон ба қайд расидааст.
Як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шимоли кишвар ба “Озодагон” гуфт, рузи 14 апрели соли равон сокини яке аз ҷамоатҳои ноҳияи Панҷакент, духтараки 19-сола дар манзили зисташон худро овехтааст: “Худи ҳамон рӯз як сокини 30-солаи шаҳри Истаравшан, падари 3 фарзанд бо ин роҳ даст ба худкушӣ задааст”.
Манбаъ мегӯяд, мақомоти дахлдор омилҳои қасди худкушии ин ду нафарро муайян мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки бино ба иттилои расида, ахиран дар шаҳри Истаравшан ҷасади ду ноболиғ ёфт шудааст. Хабаргузории “Тоҷнюс” менависад, ҷасади Хушрӯз Ҳасанов ва Садафмо Қобилова хонандаҳои синфи 11-и мактаби миёнаи №15-и деҳаи Суфиорифи шаҳри Истаравшанро бегоҳии рӯзи ҷумъа, 17 апрел пайдо кардаанд. Ба иттилои мақомот ҷавон худро дар хонааш овехта худкушӣ кардааст, аммо сабаби марги духтар номаълум боқӣ мемонад. Манбаъ мегӯяд, чунин фарзия вуҷуд дорад, ки ин ду ноболиғ ҳамдигарро дӯст медоштаанд ва ҳатто бо ҳам фотеҳа низ шудаанд. Фарзияи куштори духтар аз ҷониби ҷавон низ мавриди таҳқиқ қарор дорад: “Ортиқбой Икромов, мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Истаравшан дар сӯҳбат ба TojNews дар шарҳи марги мармузи ин ҷавонон гуфт, фарзияҳои зиёде аз ҷониби мақомот таҳқиқ шуда истодаанд. Ба гуфтаи Икромов ҷасадҳои онҳо миёни 2 соат дар манзилҳои зисташон пайдо шудааст”.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ахиран хабар дод, ки аз худкушии як духтари 19-сола ҷилавгирӣ кардааст. Ориф Нозимов, сухангӯи ин ниҳод ба “Озодагон” гуфт, рӯзи 19 апрел, соати 7:10 Фарзона Ҷӯраева, истиқоматкунандаи шаҳри Қайроққум, бо мақсади худкушӣ худро аз болои купруки Исмоили Сомонӣ ба дарёи Сир мепартояд. “Соати 7:22 гуруҳи наҷотдиҳандагони шаҳри Хуҷанд дар ҳайтаи 4 нафар, бо сардории Шарифов С. ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, духтарро аз об бароварда, наҷот доданд”,-афзуд ӯ.
Ба қавли ҷаноби Нозимов, Фарзона ҳоло дар беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд бистарист.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |