Ҷузъиёти қазия дар мактаби №-и 44: Ин кори мухолифони Раҳимов аст

Зумради Лоиқ, муовини раиси ноҳияи Рашт бо ирсоли як иттилоия унвонии “Озодагон” хабари расонаҳо дар мавриди пора кардани харитаи Тоҷикистон ва таҳдид ба омӯзгорони мактаби рақами 44-и Раштро шарҳ дод.
Ба гуфтаи муовини раис, мақомоти иҷроия ва қудратӣ хабари нашршуда аз мактаби умумии рақами 44-и деҳаи Боғистони ҷамоати Раҳимзодаи Раштро таҳқиқ карда, маълум намуданд, ки хабар дар мавриди таҳдид ба омӯзгорон ягон асос надорад: “Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар муассисаи мазкур чадвали дарсҳо ва ду аёнияти фанни забони тоҷикӣ даронда партофта шудааст”.
Ба таъкиди Зумради Лоиқ, ин амал ба ягон гуруҳ ва тафриқаандозиҳо марбут набуда, танҳо аз ҳисоби хусумати шахсии як муаллимаи муассисаи мазкур ва хешовандонаш, ки мудирияти Раҳимов Хайрулоро дар ин муассиса қабул надоранд, сар задааст: “Дар ҷамоати деҳоти Раҳимзода вазъият ором буда, аҳолӣ ба кишту кори баҳорӣ машғул мебошанд. Дар муассисаи таълимӣ бошад, таълиму тадрис идома дорад”.
Гуфта мешавад, феълан дар ин қазия муаллима ва посбони мактаб муттаҳам мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки субҳи рӯзи 20 апрел хабарҳое паҳн шуданд, ки як гуруҳи номаълум ба мактаби деҳаи Камароби Рашт ворид шуда, харитаи Тоҷикистон ва газетаҳои девориро пора карда, барои муаллимаҳо ва мудири мактаб як мактуби таҳдидомез навишта, гуфтаанд, агар фаъолияти худро қатъ накунанд, муҷозот хоҳанд шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |