Бахшҳо
20 апр 2015 18:46Тоҷикистон / Иқтисодӣ

АКС: Оғози сохтмони хатти барқии 550 киловолтию 5 мактаб дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба бунёди хатти барқии 550 киловолтаи Душанбе - ноҳияҳои тобеи марказ ва панҷ мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ дар кишвар оғоз бахшидааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳур, маросими гузоштани санги асоси ин хатти барқ нимаи дуюми 20 апрел дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб баргузор шуда, дар он узви Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин, роҳбари Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури ҳамсоякишвар - Чжан Чунсян низ иштирок доштааст.

Манбаъ мегӯяд, бунёди ин хатти неруи барқи 550 киловолтаи Душанбе - ноҳияҳои тобеи марказ ва панҷ мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ бо сахт кардани мурбати нахустин симпоя ва гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи Чин оғоз гардид.

Дар ин маросим Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, гуфтааст, "хатти барқии 550 киловолтаи Душанбе - ноҳияҳои тобеи марказ ба дарозии 196 километр тӯл кашида, иборат аз 466 симпоя хоҳад буд. Ин лоиҳаи бузург бо харҷи қариб 550 миллион сомонӣ татбиқ шуда, ба амнияти энергетикии кишвар мусоидати фаъол мекунад. Дар доираи ин тадбир ҳамчунин як силсила лоиҳаҳо аз қабили сохтмони зеристгоҳи “Шаҳринав-220 кв”, “Ҳисор-110 кв” ва навбати дуюми Маркази дуюми барқу гармидиҳии Душанбе бо тавоноии 300 мегаватт татбиқ хоҳад шуд.

Дафтари матбуоти президент афзудааст, ки 5 макатби нави таҳсилоти ҳамагонӣ, ки ба сохтмони онҳо оғоз бахшида шуд, барои 7700 хонанда дар 2 баст аз ҷониби ширкати чинии ТВЕА, ки татбиқи ин лоиҳаҳоро бар дӯш дорад, дар шаҳри Душанбе ва чанд ноҳияи дигар бо харҷи 80 миллион сомонӣ сохта мешаванд.
Чжан Чунсян низ дар навбати худ аз рушди босуботи муносиботи Тоҷикистону Чин ва татбиқи лоиҳаҳои вобаста ташаббуси ин кишвари бузург доир ба бунёди камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи Абрешим изҳори хушҳолӣ намудааст.


АКС: Оғози сохтмони хатти барқии 550 киловолтию 5 мактаб дар Тоҷикистон

АКС: Оғози сохтмони хатти барқии 550 киловолтию 5 мактаб дар Тоҷикистон

АКС: Оғози сохтмони хатти барқии 550 киловолтию 5 мактаб дар Тоҷикистон

АКС: Оғози сохтмони хатти барқии 550 киловолтию 5 мактаб дар Тоҷикистон

АКС: Оғози сохтмони хатти барқии 550 киловолтию 5 мактаб дар Тоҷикистон

АКС: Оғози сохтмони хатти барқии 550 киловолтию 5 мактаб дар Тоҷикистон

АКС: Оғози сохтмони хатти барқии 550 киловолтию 5 мактаб дар Тоҷикистон

АКС: Оғози сохтмони хатти барқии 550 киловолтию 5 мактаб дар Тоҷикистон
Мӯҳр
Истиклол
ОФАРИН ЧАНОБИ ОЛИ, НОМБАРДОРИ МИЛЛАТ ХАСТЕД, ГАМХОРИ МИЛЛАТ МЕБОШЕД. САД СОЛА ШАВЕД.

Матои сурхе ки рамзи Чин аст, парчами Точикистонро ноайён сохтааст.

Мачнун
Карзро мегирему, фикр намекунем, онро чи тавр бармегардонем? Мерос ба насли оянда, ё нисфи щаминхои Бадахшон?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)