Таъини 5 директори нав: Акрамов ба ҷои Масов, Хоркашов ба ҷои А. Турсон ва Маҳмадов ба ҷои Шамолов...
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 20-уми апрел бо имзои қарорҳои ҳукумат Абдураҳмон Маҳмадов, собиқ декани Факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллӣ (ДМТ) ва собиқ ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро ба ҷои Абдувоҳид Шамолов директори Институти фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии Академияи улум таъин кардааст. Бо амри раисиҷумҳур Маҳмадов Абдураҳмон Наврӯзович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи машваратчии калон – сардори шӯъбаи амнияти иттилоотӣ, пешгӯӣ ва робитаҳои байналмилалии дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шудааст.
Дар ин бора ба “Озодагон” як манбаъ аз Академияи илмҳо хабар дода, афзуд, ки Шамолов бо қарори ҳукумат бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз мақоми худ барканор гардид. Манбаъ афзуд, бо қарори дигари имзонамудаи Эмомалӣ Раҳмон академик Раҳим Масов низ аз мақоми директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ барканор гардида, ба ҷои ӯ Зикриё Акрамов таъин гардидааст. Акрамов дар гузашта вазифаи декани факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Акобир Мирзораҳимов, собиқ декани факултаи биологияи ДМТ ба ҷои Абдусаттор Саидов директори Институти зоологоя ва паразитология ва Лутфулло Саидмуродов собиқ вакили парлумони Тоҷикистон директори нави Институти иқтисодиёт ва демография таъин гардидааст. То ҳол роҳбарии Институти иқтисодиёт ва демографияро Олим Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ба уҳда дошт, ки дар интихоботи ахир вакили парлумон шуд.
Бар асоси иттилои ин манбаъ, инчунин Сахидод Хоркашов ба ҷои академик Акбар Турсон директори Институти забону адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ таъин шудааст. Мусоҳиби "Озодагон" афзуд, дар қарорҳои имзонамудаи Эмомалӣ Раҳмон сабаби барканории Акбар Турсон ва Раҳим Масов, баромадан ба нафақа нишон дода шудааст, аммо гуфта мешавад, онҳо ба ҳайси корманд фаъолияташонро дар Академияи улум идома хоҳанд дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |