Боздошти Ван Хай, ташкилкунандаи “фейерверк”-ҳои давлатӣ дар Тоҷикистон
Ван Хай Ин, раҳбари ширкати “Тиян сай”-и чинӣ, ки барои ҷашну маъракаҳои давлатӣ дар Тоҷикистон маводи тарфгарӣ ворид мекард, боздошт шудааст.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ширкати “Тиян сай”, ки ба воридоти маводҳои тарфгарӣ барои истифода дар ҷашну маъракаҳои давлатӣ муваззаф буд, ба таври ғайриқонунӣ маҳсулотро аз меъёри муқаррарӣ зиёд ба хотири фурӯш ва ба даст овардани фоида ба Тоҷикистон ворид кардааст.
Манбаъ мегӯяд, 14 апрел дар пайи санҷиш дар анборҳои ҶДММ “Тоҷик курот строй”-и шаҳри Ваҳдат, ки ширкати “Тиян сай” онро ба иҷора гирифтааст, маълум намудаанд, ки дар ин анборҳо бидуни ягон иҷозатнома 38 ҳазору 116 дона фаввораҳои тарфгарӣ нигоҳ дошта мешудааст: “Худи ҳамин рӯз, анборхонаи дигари “Тиян сай”, ки дар ҳудуди корхонаи нассоҷии тоҷик дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст, мавриди санҷиш қарор дода шуд ва дар натиҷа 1844 дона маҳсулоти тарфгарии фавворавӣ дарёфту мусодира шуданд”.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, феълан нисбати Ван Хай Ин тибқи моддаи 199 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |