Ҷаҳиши қурби $ дар Душанбе: Натиҷаи баръакси қарори БМ?

Қурби як доллари амрикоӣ дар нуқтаҳои саррофии шаҳри Душанбе имрӯз, 20 апрел аз ҳадди 6,40 сомонӣ боло рафтааст.
Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Душанбе, арзиши доллар зимни фурӯш 6,42 сомонӣ ва зимни харид 6,40 сомонӣ нишон дода шудааст. Ҷаҳиши доллар дар ҳолест, ки қурби 1000 рубли русӣ дар кишвар баъди то ба 132 сомонӣ расидан, имрӯз, 20 апрел то 125-126 сомонӣ поин рафтааст.
Болоравии қурби доллару уфти рубл дар ҳолест, ки Бонки миллии Тоҷикистон аз 17 апрел фаъолияти тамоми нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеиро манъ кардааст.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон аз 16 апрели соли равон бо мақсади таъмини устувории бозори дохилии асъор, суботи қурби сомонӣ ва ҳифзи манфиатҳои муштариёни ташкилотҳои қарзӣ аз 17 апрели соли ҷорӣ сар карда, фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ боздошта мешавад.
Манбаъ гуфт, тибқи дастури мазкур ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ уҳдадор карда мешаванд, ки ҳар як амалиёти фуруши доллари амрикоии нақдро ба мизоҷон ва ё ба шаҳрвандон бо таври махсус бо дарҷи тамоми мушаххасоти шахсияти онҳо анҷом дода, ба расмият дароранд.
Гарчанде ҳадаф аз ин қарор суботи қурби сомонӣ арзёбӣ шудааст, воқеият баёнгари натиҷаи баръакс аст. Бонки миллии Тоҷикистон қаблан теъдоди нуқтаҳои саррофиро дар кишвар беш аз 1,5 ҳазор адад арзёбӣ кард, ки 818 тои он ба шахсони воқеӣ марбут аст ва дар пайи иқдоми Бонки Миллӣ ин афрод аз ҷойи кор маҳрум монданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |