Бедарак шудани Дӯстмуҳаммади 35-сола дар Душанбе
Дӯстмуҳаммад Урмонов, сокини ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 12 апрел ба ин сӯ бедарак шудааст.
Яке аз наздикони Дӯстмуҳаммад имрӯз, 20 апрел ба “Озодагон” гуфт, соли таваллуди ӯ 1980 буда, ҷисман ва руҳан солим мебошад: “Мо ба мақомоти корҳои дохилӣ хабар додем ва ҳамчунин эълонҳоро дар хиёбонҳо чоп кардем. Умедворем, пайдо шавад”.
Ҳамсуҳбати “Озодагон” гуфт, бори охир ҳамсояҳо Дӯстмуҳаммадро дар маҳаллаи назди Осорхонаи Мирзо Турусунзода дидаанд. Наздикони ин ҷавони 35-сола мегӯянд, ӯ ба ҳайси устои мошинҳо дар яке аз устохонаҳои маҳаллаи 102-юми шаҳри Душанбе кор мекард.
Пайвандони Дӯстмуҳаммад аз онҳое, ки ӯро дидаанд ва ё дар борааш маълумоте доранд, хоҳиш мекунанд бо шумораҳои зер ба онҳо тамос бигиранд: 93 93 870 46; 988 34 93 80; 93 826 88 22.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |