Фарроши 19-солаи тоҷик дар Петербург ғарқ шудааст
Шоми 18 апрел дар маркази шаҳри Петербург як шаҳрванди 19-солаи Тоҷикистон ғарқ шудааст.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ин ҷавони тоҷик, ки дар бозори Сенной ба ҳайси роҳруб кор мекардааст, ҳангоми шустани даст ба ҳавзи фаввора сарозер шудааст. Ин ҳодиса дар наздикии пули Обухов рух додааст. “Шоҳидон мегӯянд, муҳоҷири 19-солаи тоҷик мехост дастҳояшро бишӯяд, аммо мувозинатро аз даст дода, ба даруни об афтид”.
Ба иттилои расонаҳо, наҷотдиҳандаҳо танҳо ҷасади ин муҳоҷирро аз об берун кардаанд: “Навбатдори Вазорати ҳолатҳои фавқулода соати 18:30 ин маълумотро дарёфт карда, соати 18:50 ҷасад ба соҳил бароварда шудааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба тафтишоти ин қазия машғуланд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |