АКС: Президент ва Зуҳуров сохтмони баландтарин бинои кишварро оғоз бахшиданд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 17-уми апрел якҷоя бо Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи кишвар сохтмони маҷмааи нави биноҳои маъмурии Хадамоти алоқа, баландтарин биноро Тоҷикистон оғоз бахшиданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, ин маҷмаа, ки дар хиёбони Рӯдакии Душанбе бунёд хоҳад шуд, аз як бинои 30-ошёна ва ду бинои 25-ошёна иборат хоҳад буд: “Тибқи нақшаҳои пешакӣ идораҳои марказии тамоми сохторҳои давлатӣ ва ҳам хусусии соҳаи алоқа метавонанд дар ин ҷо ҷойгир шаванд ва ё намояндагиҳои худро боз кунанд”.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар 5 ошёнаи аввали биноҳо ҷойгир намудани марказҳои тиҷоратию хизматрасонӣ пешбинӣ шудааст, ки дорои садҳо ҷойи корӣ хоҳанд буд: “ Танҳо дар вақти сохтмони ин биноҳо беш аз 600 нафар бинокорон бо кор таъмин мешаванд, ки ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд. Дар 3 ошёнаи зеризаминии бино барои қариб 400 мошин истгоҳ пешбинӣ шудааст”.
Манбаъ мегӯяд, ин маҷмааи зебою муҳташам дар давоми 3 сол бо харҷи беш аз 630 миллион сомонӣ сохта хоҳад шуд: “Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти он, ки ин маҷмаа дар паҳлӯи майдони марказии пойтахт ҷойгир аст, барои боз ҳам зебою дилоро ва ба талаботи муосири шаҳрсозӣ мутобиқ намудани он ба масъулин дастур дод, ки лоиҳаи сохтмони биноҳои мазкур аз нав такмил дода шавад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |