Бахшҳо

“Квестнет” дар Тоҷикистон барҳам мехӯрад: Даъвогарон 1 рӯз вақт доранд...

Ширкати баҳсбарангези “Квестнет”, ки раҳбарияшро дар Тоҷикистон Сайҳомид Маҳмудов, хеши Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ба уҳда дорад, барҳам мехӯрад.

Ин ширкат 18-уми март эълон кардааст, ки намояндагии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Квестнет” дар Душанбе, рақами ягонаи мушаххасаш-0320000139 барҳам мехӯрад: “Ҳамаи арзу шикоятҳо дар давоми як моҳ қабул карда мешаванд”. Феълан аз як моҳи эълоншуда ҳамагӣ як рӯз боқӣ мондааст.

Барҳамхӯрии “Квестнет”, ки ахиран миёни мардум ҳамчун Q-Net маъруф шудааст, дар ҳолест, ки бисёре аз шаҳрвандон, коршиносон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ онро дар фиреби сокинони Тоҷикистон муттаҳам мекарданд. Фаъолияти ин ширкат баъди барррасӣ дар барномаи “Баҳси имрӯз” дар Радиои “Имрӯз” тобистони соли гузашта вирди забон гардид. Орзу Исоев муҷрии “Баҳси имрӯз" фаъолияти ширкатро ба баҳс кашид ва зимни барнома бисёре аз муштариёни ширкат онро мавриди интиқод қарор доданд.

Аммо Сайҳомид Маҳмудов тобистони соли гузашта бо баргузории як ҳамоиш ҳамаи ин иддаоро рад карда, изҳор дошт, ки “Квестнет” барои Тоҷикистон манфиатовар аст, чун ҳамасола худи ширкат 60 ҳазор сомонӣ андоз месупорад: “Он намояндагони мустақиле, ки дорем, онҳо ҳамчун соҳибкори алоҳида фаъолият доранд ва андози алоҳида месупоранд. 60 ҳазор сомониро танҳо Q-Net месупорад.”

Маҳмудов инчунин дар посух ба суоли “Озодагон” тасдиқ намуд, ки бо Убайдуллоев пайванди хешу таборӣ дорад, вале ӯ ҳимояту пуштибонии раиси Душанберо аз ширкати Q-Net қатъиян рад кард: “Ин овозаҳо, ки гӯиё Убайдуллоев пуштибони Q-Net аст, хато мебошад. Ӯ то рӯзҳои наздик ҳатто намедонист, ки чунин ширкат дар Тоҷикистон вуҷуд дорад ё на? Намедонист, ки ман дар ин ширкат кор мекунам. Гӯем, ки умуман дар бораи Q-Net фаҳмиш надорад, дуруст аст. Ахиран худам камубеш ба ӯ иттилоъ додам...”

Маҳмудов таъкид намуд, ки аз оғози фаъолияти Q-Net дар Тоҷикистон, ки соли 2006-ум буд, ӯ дар ин ширкат кор намекард: "Ман соли 2008 ба ин ширкат пайвастам. Худам дар вазорати адлия кор мекардам ва собиқ корманди тафтишот ҳастам. Қаллобиро фарқ мекунам. Ин ширкатро то омадани ман ҳам Оҷонсӣ ва додситонӣ тафтиш карда, хулоса доданд, ки ягон қонуншиканӣ надорад. Ин ширкат ниёз ба пуштибон надорад. Вақте фаъолияти дуруст мекунед, ниёз ба пуштибон нест."

Бо вуҷуди изҳороти Маҳмудов ин ширкат дар Тоҷикистон баста мешавад, аммо далели барҳамхӯрияш шарҳ дода нашудааст.

Дар сурати дастрас шудани шарҳи тоза аз ҷониби масъулини “Квестнет”, он дар зудтарин фурсат пешниҳоди хонандагон хоҳад шуд.
Мӯҳр
Ба ки ва чи тавр мурочиат кунем, мо аз шахри Исфара бисер одамон ба доми Квестнет афодаем.

Mahina
Хуб шуд, ки хамин ширкатро мебанданд, як нафар аз хешони мо низ ба доми хамин ташкилот фуромада кариб буд бехонаву дар мешуд. Офарин Орзу!!! Мо бо Шумоем, кори хубро анчом додед, аммо боз бехтар мешавад агар он нафароне ки аз дасти ин каллобон фиреб хурданд молу пули худро бозгашта мегирифтанд. Хаита Сангинова,

баъд ин кадар мардуми фиребхурда кучо раванд? Аз ки талаб кунанд маблагояшонро?

Бечора
Аз Хоча Ахрори Вали!

Хобатон набарад, точикхо. Баъди гузаштани мухлати як моха - 18 апрел дигар даъвои шуморо мургони хаво хам гуш намекунанд. Ба фаъолияти комисcион вакт кам монд. Чунбед зудтар......

Кидат разбор надора wink

Патман
Мошоаллох
БА худо хело тасмими хуб гирифтай ана боз кютихо чи мегуфта бошанд....барои хар кори нисбати онхо як далели дуруг меовардан кани бо чи меган.....

Нечего страшного зато увас появился опыт в этих делах на будущие не будете ошибается лехких денег вы решили заработать не подумав о последствий а как в народе говорят опыт дитя ошибок трудных без лоха и жизнь плоха

Насибшон накунад

Саид
Модоме, ки ширкат фиреб наекард пас чаро маблаги мардуми бечораро, ки бо далоливу фиребу дуруг гирифтанд барнамегардонанд? Боз шарм накарда гуфтааст, ки ман дар вазорати адля кор кардагиям пас маълумаст хукукдонхо хаки мардумро мехуранду хукукашонро поймол мекунанд! Як шиноси ман Барфимох 30 хазор долар сухт шояд боз ин хам чанд шогирди дигаре дошт, ки сухтанд!

Е БАРОДАР ЧАРО ДУРУГ МЕНАВИСИ, ЧИ ЗУРАТ ОМАДААСТ, ТУ ЧИ ГУНА ЖУРНАЛИСТИ, Е БЕШАРМ ХУДО ХИДОЯТАТ КУНАД БА РОСТ НАВИСИ????!!!!

муосир
Хело мардумро фиреб карда тчамъ намуданд, акнун мераванд?

баха
ИН ТАШАББУСИ БЕВОСИТАИ ПРОКУРОРИ ГЕНЕРАЛИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ЮСУФ РАХМОН МЕБОШАД ОН ШАХС ЧУРЪАТ НАМУДА ПАРВАНДПИ ЧИНОЯТИ ОГОЗ НАМУДАНД НИСБАТИ ИН ШИРКАТ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)