Ирсоли парвандаи саркардаи сарбурҳои Салоҳиддин Азизов ба додгоҳ

Додситонии генералии Русия айбнома алайҳи Иля Горячев, яке аз роҳбарони ташкилоти экстремистии “Созмони ҷангии миллатгароёни рус”, ки аз дастандаркорони сарбурии Салоҳиддин Азизов, муҳоҷири тоҷик арзёбь мешаванд, ба додгоҳ ирсол намудааст.
Тибқи иттилои додситонии Русия Горячев, ки баъди кофтукоб дар Австрия боздошту ба Русия истирдод шуд, дар куштор, ташкили созмони мусаллаҳ, экстремизм ва ғайра гунаҳкор мешавад. Тибқи иттилои тафтишот Горячев ва Никита Тихонов, саркардаҳои гуруҳи экстремистии “Созмони ҷангии миллатгароёни рус” дар даҳҳо куштор даст дошта, қатли пурсарусадои шаҳрванди Тоҷикистон Салоҳиддин Азизов дар моҳи декабри соли 2008 низ кори дасти гуруҳи онҳост.
Ин гуруҳ ҳамчунин дар куштори ҳуқуқшинос Станислав Маркелов, рӯзноманигор Анастасия Боборова, додрас Эдуард Чувашов, вакили дифоъ Станислав Меркелов, ҳомиёни ҳуқуқ-Федор Филатов, Иля Ҷапаридзе, Иван Хуторский, қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокси таиландӣ Муслим Абдуллоев, узви гуруҳи “Черние ястреби” Расул Халилов даст доштаанд.
Қаблан додгоҳи вилояти Маскав Тихоновро бо ин ҷароим ба ҳабси якумрӣ маҳкум карда, дар назар аст, ки мурофиаи додгоҳии Горячев низ ояндаи наздик оғоз шавад.
Куштори Салоҳиддин Азизов, як муҳоҷири меҳнатии 20-солаи тоҷик аз ноҳияи Шаҳритус, ки ба таври ваҳшиёна сараш аз тан ҷудо шуда буд, моҳи декабри соли 2008-ум дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои шадидеро ба миён овард. Аз ҷумла Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо пахши як нотаи эътирозӣ аз мақомот таҳқиқи ин қазияро талаб карда буд.
Ин дар ҳолест, ки охири соли гузашта Муҳаббатшоҳ Азизов, падари Салоҳиддин аз қотилони писараш се миллион рубли русӣ товони зарари маънавӣ талаб кард.
Муҳаббатшоҳи 60-сола гуфт, бо гузашти шаш сол ҳанӯз ҷасади сар аз тан ҷудои писараш аз пеши чашмони ӯ дур намераваду руҳан азоб мекашад. Ба гуфтаи Азизов, ӯ аз боздошту ҳабси омилони эҳтимолии куштори писараш қаноматманд нест: “мехоҳам ин талаби ҷуброн барои дигар қавмгароён ва мақомоти тафтишотии Русия панд шавад. Сахттарин ҷазоро нисбат ба онҳо раво бинанд. Ҳар як муҳоҷири кушташуда падару модар дорад, хоҳару бародар дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |