АКС: Автобусҳо бо Wi fi-и ройгон дар Душанбе
Дар доираи як лоиҳаи муштарак бо номи «Beeline Wi Fi Free» шаҳрдории Душанбе бо ширкати мобилии Билайн 10 автобуси мусофиркаш дар пойтахт бо Wi fi –и ройгон пайваст шуданд.
Маросими муаррифии ин лоиҳа имрӯз дар шаҳри Душанбе доир гардид ва аввалин автобусҳо бо Wi fi таъмин шуданд. Ба ҷуз 10 автобус, инчунин дар толорои мунтазирии фурудгоҳи шаҳри Душанбе ҳам Wi fi ройгон насб шудааст.
Ҳоло интернети ройгон тариқи Wi fi танҳо дар 10 автобус, ки дар хатсайрҳои №№ 8 ва 18 мегарданд таъмин шудааст. Ҳамчунин дафтари матбуоти ширкати “Билайн” хабар додааст, ки дар назар аст, ки минбаъд Wi fi ройгон дар хатсайрҳои маъмултарини шаҳри Душанбе насб шавад.
Гуфта мешавад, ки ин иқдом дар арафаи Рӯзи Пойтахт (18-уми апрел) роҳандозӣ шудааст ва ба иттилоъи дафтари матбуоти ширкати “Билайн” аз тариқи Wi Fi дар дохили автобусҳо интернети баландсуръат ба шаҳрвандон пешниҳод мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |