Бахшҳо
17 апр 2015 12:49Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Чаро дар Тоҷикистон нақшаи буҷа иҷро нагардид?

Атохон Ғаниев

Бори нахуст дар панҷ соли охир дар Тоҷикистон нақшаи буҷа барои думоҳаи аввали сол иҷро нагардид. Ба иттилои Агентии омор, нақшаи буҷет дар моҳҳои январ-феврали соли равон 94 дарсад иҷро шуда, ба хазинаи давлат беш аз 1 миллиарду 725 миллион сомонӣ ворид шудааст. Дар мусоҳиба бо радиои “Озодӣ” намояндаи Вазорати молия изҳор намудааст,ки қисми даромади буҷет аз сабаби пур нашудани пардохтҳои гумрукӣ иҷро нагардид, зеро воридоти бархе аз маҳсулотҳо ихтисор шуд. Бояд тазаккур намуд,ки Хадамоти гумрукро солҳои охир Рустами Эмомалӣ, писари раисҷумҳури Тоҷикистон роҳбарӣ мекард, ки муддате қабл сарвари Оҷонсии зидди коррупсионӣ таъйин гардид. Сабаби иҷро нагардидани буҷет дар чист ва оё иҷро нагардидани нақшаи буҷа ба овардани Рустами Эмомалӣ аз мақоми раиси Хадамоти гумрук ба мансаби роҳбари Оҷонсии зидди коррупсионӣ рабте дорад?

Назири Нусрат, сармуҳаррири рӯзномаи “ИмрӯзNews”:

Барои он ки бисёре аз ниҳодҳо давлатӣ ба ҷойи ба корҳои худ машғул шудан, ба масъалаҳои дуввумдараҷаву саввумдараҷа авлавият доданд. Мисол, кумитаи андоз. Соҳибкоронро пурсед, андози чандмоҳаашон пешпардохт кардаанд. Аз ҷониби дигар, ин бозгӯи он аст, ки то чӣ андоза тамоми системаи иқтисодиёти мо аз маблағи фиристодаи муҳоҷирон вобастагӣ дорад. Дар пайи буҳрон маблағи фиристода кам шуд, буҷет иҷро нагардид. Амалан, дар моҳҳои охири соли 2014 тиҷорат дар Тоҷикистон ба як кори зараровар табдил шуд. Шоҳиди гуфтугӯи як соҳибкор бо нозири андоз будам. Нозир метарсонид, ки агар моҳи ояндаро пешпардохт накунӣ, рафта, аз суратҳисобат тамоми маблағҳоятро мегирам. Соҳибкор ҳам ҷавоб дод: "Суратҳисобам дар ихтиёрат. Ҳар маблағе, ки ёфтӣ, аз худат. Набошад, аз куҷо ёфта диҳам?". Пур кардани буҷет аз як ё ду нафар вобаста нест. Аз самти дигар, фикр намекунам, ки боздошти коррупсионерон бо ҳадафи пур кардани буҷет бошад.

Зайнудини Орифӣ, коршиноси масоили иҷтимоӣ:

Таъсири буҳрони Русия ва кохиши интиқоли маблаи муҳоҷирони меҳнатӣ. Зеро ба маблағи онҳо бозори истеъмолӣ тафсон буд ва ҳоло бозор касод аст. Сониян ба иллати камчинии барқ дар фасли зимистон дар минтақаҳо истеҳсолот ҳам коҳиш ёфт. Албатта ин нафари таъсиррасон аст ва дар риштаи гумрук ба пешравиҳо ноил гардид ва ҷойивазкунии у то андозае ба иҷрои накшаи буҷет таъсир ҳам дошта метавонад.

Хуршеди Атовулло, сармуҳаррири рӯзномаи “Фараж”:

Сабаб кризис. Кризис нав аз Русия ба Точикистон расид. Қурби доллару рубли русӣ боиси кам фиристодани маблағ аз Русия гардид. Ин ба бозори арзии мо таъсири бади худро расонид. Бо фаро расидани кризис сохтмон қариб ки қатъ гардид, корхонаҳо дар ҳоли буҳронианд. сафи бекорон афзуд. Ҳаминҳо боис шуд то нақшаи семоҳаи буҷа иҷро нагардад. Ҷомеаю коршиносон умед доранд ки бо омадани Рустами Эмомалӣ ба вазифаи директори Оҷонсӣ боздошти китҳои калон шуруъ мешавад. Табиист, ки маблағи руёнидашуда ба буҷа меравад ва ин падидаи мусбат аст.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби Сотсиал-демократи Тоҷикистон:


Бисёр сабабҳои объективию субъективӣ мавҷуд аст, аз ҷумла миёни баъзе кишварҳои минтақа, ки таъсири манфии он ба иҷрои буҷети мо низ таъсир расонид. Ғайр аз ин масъалаҳои дигаре низ вуҷуд дорад, ки аз омилҳои берунӣ вобаста нест. Масалан, имконияти пасти содиротӣ, набудани муҳити солим барои субъектҳои фаъолияти иқтисодӣ, сиёсати нодурусти кадрҳо, фасод, бесалоҳиятӣ дар вақти таҳияи буҷет сабаби иҷро нагардидани буҷет шуд.
Мӯҳр
Фараж
Хуршеди Атовулло, сармуҳаррири рӯзномаи “Фараж”,мебоист ҳамчун рузноманигор аз хокзани хоҷагон канор мерафт,бас будагист шармандагӣ.
Охир яке аз занҷирбандони митинги майдони Озодӣ ту буди ку,боз ба ту чӣ бало шуд?

Мебахшед холо хам фикр мекунам, ки иктисодонхо ва молиётчиёни мо аз хоб бедор нашудаанд. Хой буродарони мансабдор ва ба ном сохибкорони ватан Шумо холо хам баъмеди пули мухочирон хастед мй? дар берун асри 21 рафтостаст, бо сохтмонхои 20-30 ошёнахои истикомати бучаи давлат пур намешавад. Мебахшед ман зиддй ободони нестам, вале як бор тахлил кунед, ки махсулотхои барои хамин сохтмонхо низ харч мешуда истехсоли кучоанд ба гайр аз куму санг ва каме хамон сементи худи, масолехоро воридот бо зардолу ва ангур намекунед-ку. Дар холате, ки то истехсолоти дохилии хамаи намуди махсулотхо ба рох монда нашавад ва ин хисоб маблагхо дар дохили чумхури гардон нахуранд, умедатонро аз пешравии иктисодиёти пешрафтаи чахони канед. Корхонахои ба ном истехсолкунандаи калон, ки лентабури шаваду баъди 4-6 мох аз кор монад сохтан даркор нест, бигузор аввал талоботи бозорро омузед ва ба он хачми талобот корхона созед. Якбор тахлили аник намоед, ки бо кадом роххо мо метавонем хачми гардиши маблаги пулиро дар дохили чумхури зиёд намоем, бо таксим ва фуруши замин ва инчунин сохтмони хонахои зиёд бучаи давлат бой намешавад аз ин танхо баъзе мансабдорон ва бизнесменхои дар сохторхои давлати кор мекардаги манфиат мебинанд, хакикат талх аст, вале онро бояд дуруст дарк намуд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)