АКС: Бонки Миллӣ тамоми нуқтаҳои саррофии шахсиро баст
Бонки миллии Тоҷикистон сар аз имрӯз, 17-уми апрел фаъолияти тамоми нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеиро манъ кардааст.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон аз 16 апрели соли равон бо мақсади таъмини устувории бозори дохилии асъор, суботи қурби сомонӣ ва ҳифзи манфиатҳои муштариёни ташкилотҳои қарзӣ аз 17 апрели соли ҷорӣ сар карда, фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ боздошта мешавад.
Манбаъ гуфт, тибқи дастури мазкур ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ уҳдадор карда мешаванд, ки ҳар як амалиёти фуруши доллари амрикоии нақдро ба мизоҷон ва ё ба шаҳрвандон бо таври махсус бо дарҷи тамоми мушаххасоти шахсияти онҳо анҷом дода, ба расмият дароранд.
Ин қарор дар ҳолест, қи ахиран Бонки миллии Тоҷикистон теъдоди нуқтаҳои саррофиро дар кишвар беш аз 1,5 ҳазор адад арзёбӣ кард, ки 818 тои он ба шахсони воқеӣ марбут аст ва дар пайи иқдоми Бонки Миллӣ ин афрод аз ҷойи кор маҳрум монданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |