Зинокории тотори “дуохон” дар Шаҳритӯс: Ҳар чӣ кунам, не нагӯед...(АКС)
Мақомоти пулиси вилояти Хатлон дар ноҳияи Шаҳритус фаъолияти ғайриқонунии як ҷавони 26-солаи тоторро ошкор кардаанд, ки тариқи гӯиё дуохонию сеҳру ҷоду мушкили мардумро ҳал карда, занони бефарзандро ба ҳамхобагӣ моил мекардааст.
Тибқи иттилои пулис ин ҷавон Сунатулло Булатов, соли таваллудаш 1989, миллаташ тотор мебошад, ки мактаби миёнаро то синфи 9 хонда, ягон сураи Қуръонро азёд намедонад. Худи Булатов дар гузориши видеоии таҳиякардаи Вазорати умури дохилӣ иқрор мекунад, ки ба сеҳру ҷоду барои он машғул шудааст, ки дигар коре аз дасташ намеояд: “Ман бекору бемор будам, корҳои вазнин наметавонистам анҷом бидиҳам, чун шушҳоям дардманданд. Ин чизҳоро ман аз худраҳматӣ бибиям ёд гирифтам ва ба он машғул шудам”.
Мақомоти пулис Хатлон мегӯянд, Булатов ба занони корафтода, ки аз безурётӣ ранҷ мебурдаанд, изҳор медоштааст, ки онҳо танҳо баъд аз ҳамхобагӣ бо ӯ фарзанддор мешаванду корҳояшон пеш мераванд, ки инро худи “табиб” ва чанд зани корафтода низ тасдиқ карданд.
Маъмурини умури дохилӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон дархост доранд, ки дар сурати дарёфти иттилоъ оиди фаъолияти чунин “табибон” дар маҳалли зисташон ба мақомот иттилоъ диҳанд ва фирефтаи қаллобии онҳо нашаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |