Суди Олӣ Муҳаммадовро дар қасди таркондани супермаркет гунаҳкор хонд
Додгоҳи Олии Русия, рӯзи 16-уми апрел ҳукми 12 соли зиндон барои Мурод Муҳаммадов, шаҳрванди Тоҷикистонро қонунӣ хонда, онро бетағйир гузоштааст.
Дар баробари Муҳаммадов бо қарори додгоҳ Фирӯз Назаров, шаҳрванди Туркманистон низ 9,5 солро дар зиндон пасисар хоҳад кард.
Додгоҳи вилояти Маскав 25-уми декабри соли 2014 Муҳаммадов ва Назаровро дар қасди таркондани супермаркети “Ашан”-и Маскав гунаҳкор хонда, аввалиро ба 12 соли зиндону 100 ҳазор рубл ҷарима ва дуюмиро ба 9,5 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард.
Тибқи иттилои Кумитаи тафтишотии Русия аз тирамоҳи соли 2010 Муҳаммадов узви як созмони ғайриқонунии мусаллаҳ дар Дербенти Доғистон будааст ва соли 2012 ба Маскав омада, созмони экстремистии худро ташкил намуд ва Назаровро низ ба он ҷалб кард. Онҳо дастгоҳҳои таркандаи худсохтро омода карда, қасд доштанд, яке аз онҳоро дар мағозаи “Ашан” дар ноҳияи Алтуфево тарконанд, аммо моҳи ноябри соли 2012 аз ҷониби Хадамоти федералии амният (ФСБ) боздошт шудаанд.
Шаҳрванди Тоҷикистон бархе аз ҷинояткориҳоро дар Доғистон эътироф кардааст, аммо изҳор доштааст, ки ба қасди таркондани “Ашан” ҳеч робитае надорад ва гуноҳашро қатъиян рад кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |