Боздошти аспиранту муаллими Донишгоҳи омӯзгорӣ ба иттиҳоми ришвахорӣ
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти як омӯзгор ва аспиранти Донишгоҳи омузгории кишвар ба номи С. Айнӣ хабар додааст, ки дар гирифтани пора муттаҳам мешаванд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти агентӣ, дар пайи як амалиёти кормандони Оҷонсии зидди фасоди кишвар рӯзи 28 марти соли равон аспиранти курси 1 ва мудири бахши Донишгоҳи омузгории Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳангоми гирифтани ришва боздошт шудаанд.
Манбаъ мегӯяд, афроди боздоштшуда барои ба шӯъбаи ғоибонаи факултаи “Иқтисодиёт ва идораи маориф” -и донишгоҳи мазкур дохил намудан аз шаҳрванд М. ба ғайр аз маблағи шартномавии таҳсил 1 ҳазору 200 доллари амрикоӣ талаб кардаанд.
Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасоди молии кишвар афзудааст, ки нисбати дастгиршудаҳо бо моддаи 247 қисми 3 банди “а”-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафитишоти пешакӣ идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |