Сафорати Олмон: Эътирозгарон намедонистанд чӣ мехоҳанд

Сафорати Олмон дар Тоҷикистон бо пахши изҳороте таҷаммӯи як гуруҳ занону ҷавононро дар назди бинояш шарҳ дода, гуфтааст, гирдомадагон бисёр эҳсосотӣ ва бадхашмона рафтор намуда, худашон намедонистанд, чиро мехоҳанд.
Тавре аз сафорати Олмон ба "Озодагон" иттилоъ доданд, гирдомадагон ҳудуди 15-20 нафарро ташкил дода, аксарашон занону ҷавонон буданд: “Аз додзаниҳояшон маълум набуд, ки онҳо барои чӣ ё зидди чӣ баромад мекарданд. Сафири Олмон Холгер Грен изҳори омодагӣ кард, ки ду намояндаи эътирозгаронро қабул кунад, аммо ин натиҷае надод, чун онҳо бисёр эҳсосӣ буданд ва сафорат ба далоили амниятӣ дарҳояшро накушод”.
Сафорат афзуд, ки гирдомадагон бадхашмона рафтор карда, панҷара ва тирезаҳои зиреҳпӯши сафоратро мекӯфтанд: “Аммо талабу сабаби гирд омаданашон номаълум боқӣ монд ва мо метавонем, танҳо фарзияҳои худро дошта бошем”.
Маврид ба зикр аст, ки як гуруҳ шаҳрвандони Тоҷикистон имрӯз, 15-уми апрел, тақрибан соати 11:10 дақиқа дар назди сафорати Олмон дар Душанбе гирдиҳамоӣ карданд, ки бо боздошти се нафар анҷомид.
Тавре шоҳиди таҷаммӯъ ба “Озодагон” иттилоъ дод, гирдомадагон 10-12 нафарро ташкил медоданд, ки аксарашон занон буданд: "Ҳудуди 15 дақиқа ҳайоҳуй карданд, ки маъмурини пулис низ ба ҷои ҳодиса расиданд. Озодӣ, озодӣ, озодӣ гуфта дод мезаданд, аммо маълум набуд, ки чӣ гуна озодӣ. Фақат ҳамин калимаро такрор ба такрор мегуфтанд. Баъдан пулис се занро, ки дар даст овезае доштанд, боздошт карда, бурданд. Ростӣ надидам, ки дар овеза чӣ навишта шуда буд. Хулоса баъди чанд дақиқа пулис ҳамаро пароканда кард". Гуфта мешавад, дар овезае, ки эътирозгарон дар даст доштанд, шиор алайҳи созмонҳои мухолифи ҳукумат, аз ҷумла "Гуруҳи 24"-экстремистист, навишта шуда буд.
Дар ҳамин ҳол хабарнигори "Озодагон", ки соати 11:40 дақиқа, ба назди бинои сафорати Олмон расид, касеро надид, на аз маъмурин ва на аз гирдомадагон осоре набуд.
Ин қазия дар ҳолест, ки дирӯз 14 апрел дар рӯбарӯи сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Берлини Олмон даҳҳо нафар аз тарафдорони Эътилофи нирӯҳои мухолифи “Тоҷикистон нав” гирди ҳам омада буданд.
Онҳо дар даст шиор озодии маҳбусони сиёсӣ ва хатми шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистону саркӯби мухолифин дар кишварро талаб карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |