Даъвати Зуҳуров аз се фраксияи нав: Гуногунандеш бошед!
Вакилони Маҷлиси намояндагон, имрӯз, 15-уми апрел қарор дар бораи ташкили се фраксия - Ҳизби халқӣ- демократӣ, Ҳизби аграрӣ ва фраксияи гурӯҳи вакилони ғайриҳизбиро қабул намуда, раисони онҳоро низ интихоб карданд.
Тавре хабарнигори “Озодагон” аз ҷаласаи парлумон хабар дод, Бахтовар Сафаров, ҷавонтарин вакили Маҷлиси намояндагон, раиси фраксияи ҲХДТ интихоб гардид, ки аз 43 вакил иборат аст. Толиббек Бухориев, раиси фраксияи Ҳизби аграрӣ ва Равшан Раҷабов, раиси фраксияи гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ интихоб шуданд, ки фраксияи аввалӣ аз 5 нафар ва дуюмӣ аз 8 нафар иборат мебошад.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон дар пайи интихоби раисони фараксияҳо аз онҳо даъват намуд, ки фаъол бошанд. Зуҳуров таъкид намуд, ки ҳамаи фраксияю вакилон бояд дар масоили манфиати ҷомеа, озодию ҳуқуқи инсон ва пешрафти Тоҷикистон муттаҳид бошем, аммо дар ҳалли масъалаҳо бояд фикру андешҳои гуногунро ироа кунем: “Дар акси ҳол кори мо самараи хуб нахоҳад дод”.
Ин даъват дар ҳолест, ки мунтақидон аз фраксияҳои феълӣ дар парлумон интиқод намуда, изҳор медоранд, ки онҳо “кисагӣ” ва қаноти ҳизби ҳоким мебошанд, ки мавқеи худро нахоҳанд дошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |