Ташхиси “табиби мардумӣ”: Сутунмуҳраат кирм дорад...
Мақомоти Тоҷикистон аз ошкор шудани боз як табиби мардумии дигар, зани солхӯрда аз ноҳияи Ваҳдат хабар доданд, ки бе тахассус ба ташхису табобати мардум машғул будааст.
Манбаъ мегӯяд, табибони мардумӣ қобилияташонро доди Худо муаррифӣ карда, ба далели он, ки агар табобат накунанд, худашон низ касал мешаванд, мардуми зиёдро ба худ ҷалб мекунанд: “Аз ҷумла табиби мардумӣ аз Ваҳдат як сокини Ҳисорро, ки бемории пӯст дорад, ташхис карда, гуфтааст, сутунмуҳраат кирм дорад. Дар ҳоле, ки мутахассисони тиб умуман ҷой доштани чунин ҳодисаро ғайриимкон медонанд”.
Бо зикри ин мақомоти Тоҷикистон аз мардуми кишвар даъват мекунанд, ки саломатияшонро танҳо ба табибоне бовар кунанд, ки расман кору фаъолият мекунанд ва таъкид мекунанд, ки бе иҷозати махсус фаъолияти тиббӣ дар Тоҷикистон мамнуъ мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |