Боздошти гуруҳи тоҷикон ба иттиҳоми ғорати афроди доро дар Маскав
Раёсати умури дохилии шаҳри Маскав аз боздошти як гуруҳи муташаккили ҷиноӣ бо шумули шаҳрвандони Тоҷикистону Молдовия хабар додааст, ки дар ғорати интиқолдиҳандагони маблағҳои калон муттаҳам мешаванд.
Ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, гуруҳи иборат аз 9 нафари аз 21 то 35-сола бо истифода аз мошинҳои хидматии як ширкати ҳамлу нақл афроди муайянро ҳадаф қарор медодаанд: “Туъмаи ин гуруҳ афроде мешудаанд, ки бо маблағҳои калон аз нуқтаҳои саррофӣ берун мешудаанд. Ё нафаронеро, ки зоҳиран дороянд, интихоб карда, ҳангоми ворид шудан ба манозили зисташон ҳамла карда, пулу моли онҳоро азхуд мекардаанд”.
Дар маҷмуъ пулиси Маскав боздоштшудаҳоро дар 6 ҳамлаи мусаллаҳона муттаҳам мекунад, ки гӯиё беш аз 20 миллион рублро ғорат кардаанд.
Дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии Маскав афзудааст, ки ҳангоми боздошт аз аъзои ин гуруҳ, корд, таппончаҳои пневматикӣ ва ниқобҳои сиёҳ ёфт ва мусодира шудаанд: “Феълан алайҳи ин афрод ба иттиҳоми роҳзанӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |