Қарор барои кӯмак ба афроде, ки аз ҷаҳиши қурби $ “сӯхтанд”
Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯяд, аксари қарзҳо дар соли 2014 ва ду моҳи аввали соли равон ба мардуму корхонаҳо бо асъори хориҷӣ дода шудаанд.
Ин ниҳод барои дастгирии қарзгирандагоне, ки аз ҷаҳиши қурби доллари амрикоӣ дар кишвар зарар дидаанд, дастур додааст, “аз 21 марти соли 2015 сар карда қурби фурӯши асъори хориҷӣ барои мизоҷон-шахсони воқеие, ки фоиз ва қарзи асосии асъории худро бо сомонӣ тавассути мубодила пардохт менамоянд, набояд аз қурби фурӯши асъори нақди хориҷие, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи пардохт муқаррар карда мешавад, баланд бошад”.
Яъне афроде, ки аз ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон бо доллар қарз гирифтаанд, метавонанд онро бо сомонӣ, тибқи қурбе, ки Бонки Миллӣ муайян кардааст, баргардонанд ва ташкилотҳои қарзӣ ҳаққи талаби маблағи бештареро надоранд.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои Бонки Миллӣ соли соли 2014 аз ҷониби бонкҳо дар ҳаҷми 8 миллиарду 444 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки аз ин бо пули миллӣ 3 миллиарду 715 миллион сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ 4 миллиарду 729 миллион сомонӣ мебошад: “Дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ дар маҷмуъ ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ маблағи 1 миллиарду 77 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки аз он 435, 7 млн. сомониро пули миллӣ ва 641, 1млн. сомониашро асъори хориҷӣ ташкил медиҳад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |