Ҷаҳиши қурби $ баъди як моҳи “танаффус” дар Тоҷикистон

Қурби як доллари амрикоӣ, ки тайи як моҳи охир дар Душанбе ҳудуди 627-629 сомониро ташкил медод, субҳи имрӯз, 14-уми апрел дубора майли гаронӣ карда, ба 6,33-6,35 сомонӣ баробар шудааст.
Бонки Миллии Тоҷикистон аз 13-уми марти соли равон қурби долларро 627-629 сомонӣ муайян карда буд, ки то ҳол дар нуқтаҳои мубодилаи асъор нигоҳ дошта мешуд ва гуфта мешавад, ки болоравии нави қурби доллар низ дар мувофиқа бо ин ниҳод сурат гирифтааст. Қурби рубли русӣ низ тайи як рӯзи ахир боло рафта арзиши 1000 рубл аз 119 сомонии рӯзи гузашта, имрӯз, 14-уми апрел ба 123-124 сомонӣ баробар шудааст.
Қаблан Ҷамшед Юсуфиён, муовини раиси Бонки Миллии Тоҷикистон эълон карда буд, ки минбаъд қурби долларро дар нуқтаҳои мубодилаи асъори кишвар, аз ҷумла нуқтаҳои шахсӣ ҳам ниҳоди зертобеяшон муайян хоҳад кард. Ӯ 13-уми март зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ин иқдоми муваққатӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз сӯиистифодаи саррофон аз вазъи мавҷуда дар бозори нақд роҳандозӣ шудааст: “Мо муайян кардем, ки фарқ миёни нархи харид аз нархи фурӯш набояд аз ду сомонӣ зиёд бошад. Саррофон ҳақ надоранд, долларро аз ин қиматтар фурӯшанд”.
Юсуфиён афзуд, ки масъулини Бонки Миллӣ дар як рӯз се бор-саҳар, нисфирӯз ва бегоҳӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор санҷиш мегузаронанд, то саррофон ба таври сунъӣ қурбро боло набаранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |