Шерхон Салимзода ба ҳайси ҳомии коргарон ба Маскав рафт
Шерхон Салимзода, собиқ додситони кулли Тоҷикистон, ки дар пайи як тағйироти кадрӣ аз вазифаи худ барканор ва раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили кишвар таъйин шуд, дар доираи як сафари корӣ ба шаҳри Маскав рафтааст.
Ҳадаф аз ин сафари Салимзода ба Маскав иштирок дар ҷаласаҳои Кумитаи иҷроия ва Шӯрои генералии Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба, ки муттаҳидкунандаи ташкилотҳои байналхалқии иттифоқҳои касабаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мебошад, арзёбӣ шудааст.
Қарор аст, раиси нави Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар ин ҷаласа дар бораи вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар ва вазифаҳои иттифоқҳои касаба суҳбат кунад. Инчунин Салимзода дар ҷараёни ин сафари худ ба Маскав бо Димитрина Димитрова - директори Бюрои ташкилоти байналхалқии “Меҳнат”-и Маскав мулоқот ва масоили вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба дар ояндаро баррасӣ хоҳад кард. Шерхон Салимзода қарор аст, рӯзҳои 16 ва 17 апрели соли равон низ дар кори Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ, ки дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор мешавад, иштирок кунад.
Шерхон Салимзода, ки аз 30 январи соли 2010 прокурори генералии Тоҷикистон буд, 24 январ аз симматаш барканор шуда, баъд аз ду моҳ раҳбари Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили кишвар интихоб шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |