Баъди 9 сол: Нахуствазири Ҷопон ба Тоҷикистон меояд
Нахуствазири Ҷопон, Синдзо Абе, ахири моҳи август ба кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, сафар хоҳад кард. Ба навиштаи рӯзномаи "Иомиури симбун" баъди сафари сарвазири вақти Ҷопон, Дзюнитиро Коидзуми дар соли 2006 ин дуввумин сафари раиси ҳукумати Ҷопон ба Осиёи Марказӣ мебошад.
Ба навиштаи манбаъ ҳадафи сафари ҷаноби Абе таҳкими равобити ҳасана бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад, ки дорои газ, нафт ва дигар захираҳои бойи табиӣ мебошанд.
Илова бар ин тарафҳо мушкилоти қочоқи маводи мухаддир ва терроризмро баррасӣ мекунанд. Ҳамчунин қарор аст зимни ин сафар як қатор ҳуҷҷатҳо дар самти кумаки Ҷопон ба кишварҳои Осиёи Миёна ба имзо бирасанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |