Табаров дар Муъминобод, дар канори ҳамсараш ба хок супурда шуд
Соҳиб Табаров, академик ва адабиётшиноси номдори тоҷик, ки 12-уми апрел аз олам чашм пӯшид, дар зодгоҳаш- ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон дар канори қабри ҳамсараш ба хок супорида шуд.
Тавре наздикони Соҳиб Табаров ба "Озодагон" хабар доданд, ӯ чанд моҳи ахир аз касолати пирӣ ранҷ мебурд ва ду рӯз пеш аз маргаш аз сухан гуфтан ҳам монд. Шогирдонаш мегӯянд ӯ чанд соли ахир ба парастор ниёз дошт, аммо ба ҷои парастор духтараш- Саодатбону ӯро нигоҳубин мекард. Академик Табаров қаблан аз шаҳрдори Душанбе дархост карда буд, то ӯро бо як парастор таъмин кунад, аммо ҳамсафонаш мегӯянд ӯ то охирин рӯзи ҳаёташ бе парастор буд.
Соҳиб Табаров соли 1924 дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ба дунё омада, дар 24 солагиаш дар замони ҳукумати Шӯравӣ узви вобастаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон шуд. Оқои Табаров, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктор ва профессори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Ӯ муалифи беш аз 850 асару мақолаҳои илмӣ мебошад. Китобҳои “Ҳаёт, адабиёт, реализм” (дар панҷ ҷилд, солҳои 1966-1989), “С. Айнӣ – қофиласолори адабиёти советии тоҷик” (1977), “Мунзим. Беҳбудӣ” (2002) ба қалами ӯ тааллуқ доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |