Бахшҳо

Баҳси мухолифону ҷонибдорони “пешвои миллат” номидани Э. Раҳмон

Пешниҳоди расман пешвои миллат номидани Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби як гуруҳ олимон дар ҳафтаи пеш баҳсҳои ҷонибдорону мухолифон ба бор овардааст.

Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии Академияи улуми Тоҷикистон бо нашри як матлаб бо номи “Дурнамои идеяи «пешвои миллат» дар Тоҷикистон” ба пешвои миллат номидани Эмомалӣ Раҳмон мухолифат кардааст. Ин идея аз ҷониби академик, Носир Салимӣ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Холмаҳмад Самеъ, декани факултаи муносибатҳои байналхалқии ДМТ дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” (2.04.2015) ва баъдан дар торнигори сайти Ҳизби ҳокими халқи демократӣ нашр шуда буд.

Пажуҳандагони ин Маркази Академияи илмҳо гуфтаанд, ки тарҳи мавзуи «Пешвои миллат» метавонад дар раванди демократикунонии ҷомеа саддеро ба вуҷуд оварда, ояндаи давлатдории дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро зери суол гузорад: “Зеро дар ҳеч як кишвари демократӣ чунин масъалагузорӣ дурнамои рушди ҷомеаро муайян накардааст ва нахоҳад кард, чунки ҳар давлати демократӣ такя ба мардум мекунад ва ҳукуматҳои ин гуна давлатҳо аз иродаи мардум сарчашма мегиранд”.

Олимони ин ниҳод гуфтаанд, ки “давлат категорияи фарогири мардум ва ҳукумат аст, дар ҳоле ки ҳукумат дар як замони муайян вобаста ба қонунҳои муайяншуда, муносибати байни шаҳрвандонро танзим менамояд. Дар ин гуна система мафҳум ё падидаи «пешво» вуҷуд дошта наметавонад, балки мақомоти ҳукуматӣ мудирияти соҳаҳои алоҳидаро ба роҳ мемонанд, аз он ҷумла, салоҳиятҳои мақоми президентиро. Дар ҷомеаи демократӣ Президент мақоми олиест, ки таъминкунандаи сохти конститутсионӣ ва кафили муносибатҳои ҳуқуқбунёд мебошад. Дар давлатдории демократӣ аз мақоми Президент дида мақоме болотаре чун «пешво» вуҷуд надорад. Идеяи пешниҳодшудаи «пешво» аз як тараф ҳамин гуна мақоми олиро сарфи назар карда, зиддияти қонунӣ дошта аз тарафи дигар арзишҳои низомҳои теократию авторитариро аз нав эҳё мекунад, ки хилофи арзишҳои давлатдории демократӣ мебошад”.

Академик Носир Салимӣ ва Холмаҳмад Самеъ дар матлаби худ пешниҳод карда буданд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба таври расмӣ пешвои миллат номида шавад. Онҳо бо арзёбии нақш ва рисолати пешво дар тӯли таърих пардохта шахсиятҳое аз қабили Рузвелт, Дэн Сяопин, Ли Куан ва Махатхир Муҳаммад чун пешвоҳои муваффақи миллӣ дониста Эмомалӣ Раҳмонро ҳам аз қабили онҳо донистаанд: “Саргузашти пешвои мо дар оғоз ба ҳолати сиёсии роҳбарони миллии муваффақ, ки зикрашон гузашт, шабеҳаст. Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари қудрат омад, ки Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии дохилӣ гирифтор буд ва кишварро хавфи нобудӣ таҳдид мекард, мардум ба парокандагиву гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу ҷидол рӯбарӯ буд. Дар ин вазъи нобасомон табиист, ки рисолати асосии пешво – ба созиш овардан ва муттаҳид сохтани гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа дар асоси идеяҳои нав, арзишҳо ва идеалҳои миллӣ мебошад”.

Дар шумораи 9.04.2015-и ҳафтаномаи Тоҷикистон як гуруҳ олимон Бобоҷон Самиев ва Рамазон Назариев, докторҳои илми фалсафа, Зикров Ҳ, ва Р. Давлатов номзадҳои илми фалсафа бо дастгирӣ аз матлаби Носир Салимӣ ва Холмаҳмад Самеъ матлабе бо номи “ Пешво ифодагари ваҳдату қудрати давлат аст” нашр намуда, пешниҳод намудаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон шоистаи пешвои миллат ном гирифтан мебошад.

Вале муҳаққиқони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии Академияи улуми Тоҷикистон ин идеяро як “пешниҳоди бемавқеъ” дониста, гуфтаанд, ки одатан ин гуна зиёиён дар баробари мушкилоти имрӯзи ҷомеа ва бархурдҳои идеологӣ бетараф ҳастанд ва ба хотири манфиатҳои худ мавқеашонро зуд ба осонӣ метавонанд иваз намоянд.

Муаллифони матлаби мухолифат ба пешвои миллат номидани Эмомалӣ Раҳмон аз Маркази оянданигарии Академияи илмҳо гуфтаанд, ки зиёиён ба ҷойи чунин пешниҳодҳои бемаврид, “бояд дар андешаи роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷомеа бошанд ва барои Консепсияи рушди миллиро то соли 2050 (Ин консепсия имсол зимни вохӯрии Президент бо зиёиён пешниҳод гардид) таҳия, пешниҳод ва расонаӣ намоянд, то ки ҳукумат ба мардум наздик шавад ва мардум ба ҳукумат эътимод пайдо кунад”.
Мӯҳр
Абриген
Рости гап агар вокеъбинона бахо дихем, пешвои миллат Сангак Сафаров аст, чунки хизмат карда шогирдони зиёд тарбия карда аст, модари миллатро низ интихоб кардан ба маврид мебошад, чунки хамаи кишвархо ва махсусан чумхурихои африкои пешвои худро доранд.

Навштани маколаи илмиро дар бораи хамин матлаби чопшудаи Салимов Н. Ю худи ректор дастур дод, ки ба маколаш такриз нависан. Кори фармоиш ва мачбури буд ки ректор боз ягон вазифаи дигар хостр аст ва вазири маориф шуданист ми. ки медонад.

андеша
Таьрих ва гузашти замоне ба шахсиятхо бахогузори мекунад. На хушомадгуёну косалесон. Хайфи он олимон,магар дигар кор надоранд?
Бе ин хам чаноби оли пешвои милли дар ин давраи торихист.

донишчу
Пешбарон курсии вазири Маорифро чашмандози кардаанд ба фикрам

Адолат хох
бародарой академик шумо мебахшед ин кадар сода нашавед Раиси чумхурхам мисли ману шумо одам аст агар хам харкоре барои мардум карада бошад бе пул накардааст приздент маош мегирад вазифааш аст ки барои мардум хизмат кунад агар приздент ягончизи шикифт анкез мекард ин гапи дигар Вазифаи хамаи сиёсад мадорон тамин кардани сулх аст ва инро азёд набароред ки Дар сулхи точикисто накши устод САИД АБДУЛОИ НУРИ хам аст Озодагон илтимос чоп кн

ҷанобони зиёӣ беҳтар мебуд ба иҷрои рисолати ҳирфавии худ машғул мешудед. Э.Раҳмон бе ин чоплусии шумо ҳам барвақт дар саҳифаҳои таърихи навини Тоҷикистон номи худро сабт кардааст. Ба фикри ман таҳлили МОРМо Академия хеле оқилона ва бамаврид аст. Ин кори шумо обрӯи ҷаноби олиро коста мегардонад. Беҳтараш шумо он вазифае, ки доред аз пайи иҷрои он шаведу бо офаридани асарҳои илмии нав дар ҷомеа нақши худро гузоред. аксаратон чӣ тавр олим буданатонро худатон хуб медонед. Хулоса ки бо ин амали номатлуб обруву манзалати ҷаноби олиро дар байни мардуму ҷомеаи ҷаҳонӣ халалдор насозед.

хоҳишмандам чоп кунед

Тоҷик
аз пешниход бармеояд ки бояд минбаъд чунин гуем МУХТАРАМ ЧАНОБИ ОЛИ, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, АЛО ХАЗРАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ТОЧИКИСТОН ЭМОМАЛИ РАХМОН

Шаф шаф нагуфта,шафтолу гуему халос.Шафтолуи аз боги Боло оварда шудаи калони ширини шарбатдори Бо гелос пайвандшуда.Шафтолуи тирамох шинонда шудае,Ки серхосил мешаваду шафтолухояш маькули бисерихо мешаванд.Шафтолу ба касалихои дилу фишори хуну чашмхо фоида дорад...Пешвои миллат он су истад,аьлохазрати чаноби оли,султони бокарам номида шавад,президентчони мо,э мурамашоне....е..е.

амин
Э.Рахмон ба тамаллуки шумо эхтиеч надорад.Ояндагон ба у ачзгузоранд.У худаш гуфт,ки президентро тавсиф накунед.Чойгахи президент дар таьрихи точикон собит аст, Шумо чи олимони мухтарам?

Хуш носир салими дируз чаноб кахрамон буд имруз пешвои миллат фардо падари миллат хулоса охир метарсам, ки пайгомбар ё сояи худо дар замин нагуед зеро ин рафтори шумо ба доираи инсоният раво нест зеро шумоед ки ин халки мазлумро ба чох е беватани бо еди ватан намудед ин шумоед ки лагандбардориро ба хотири як рузатон мекунед чаро шумо ингуна макол ё идеа доштаеду аммо онро ба ягон равияи дигар равона намесозед

Илхом
Маркази омузиши равандхои муосир ва оянданигарии Аи дуруст дарк кардааст ва пустинро аз руи олимони хушомадгу бардоштааст хеч гох ба касе хушомад гуфта худро паст назанед охир шумо низ мард хастед

"Олимон" яъне зИЁИЁНИ мо ба чои он ки як мол ихтироъ намоянд то мардуми мо ба гариби нараванд лекин корашон факат ва факат хушомадзани. Вой ба холи миллат ва ватани ман.!!!!!

barodar nosir salimi khijolat bekash

Деном,
barodar agar in bechoraho inro tarif nakunan degar zindagi baroshon be mano ba nazar merasad
\

Букроти хаким фармудаанд : умр кутох аст ва кор бисёр , окилу олим он аст, ки умрро дар КОРИ ЗАРУРИ сарф кунад !!!!!
МУШК ХУД БУЙяд на..........

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)