Озодии Соҳибназаров, номзади боздоштшудаи ҲСДТ аз толори суд
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, Фирдавс Соҳибназаров, номзади боздоштшудаи ин ҳизб дар арафаи интихоботи парлумонӣ, баъди як моҳи мурофиаҳои судӣ рӯзи 10-уми апрел аз толори додгоҳ озод карда шудааст.
Дар ин бора Зоиров дар сафҳаи фейсбукияш хабар дода, афзудааст, ки Фирдавс Соҳибназаров, раиси шӯъбаи ҲСДТ дар ноҳияи Хуросон ва яке аз номзадҳои пешбаришудаи ин ҳизб ба вакилӣ дар парлумон, 3-юми феврал дар асоси 4 моддаи Кодекси ҷиноӣ-сохтакорӣ, расондани зарари молумулкӣ, исрофкорӣ ва пулшӯйӣ аз ҷониби додситонии Хатлон боздошт шуда буд.
Он замони раиси ҲСДТ ин парвандаҳоро сохта ва сиёсӣ хонда, таъкид намуд, ки ба ҳеч ваҷҳ роҳ намедиҳад, номи неки раҳбари шӯъбаи ҳизбаш дар Хуросон тариқи айбдоркуниҳои беасос бад карда шавад ва ҳимояи ҳуқуқҳои Соҳибназаровро дар додгоҳ ба уҳда гирифт.
Ин дар ҳолест, ки 2-юми феврали соли равон Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ номзадии Соҳибназаров Фирдавс Анваровичро ба парлумон рад кард. КМИР далели ба қайд нагирифтани номзадии Соҳибназаровро ба он рабт додааст, ки бар асоси мактуби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон алайҳи ӯ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнини дар моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон) ва 262 қисми 3 банди “в” (қонунгардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ба миқдори махсусан калон)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, нисбат ба ӯ бо моддаҳои мазкур ва дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ рӯзи 23 январи соли 2015 айб эълон шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |