Суғд: 30 ақди никоҳ бо хориҷиҳо дар се моҳ
Шӯъбаи асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд мегӯяд, тайи 3 моҳи ахир 30 нафар аз сокинони минтақа бо шаҳрвандони хориҷӣ ақди никоҳ бастаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда 12 адад бештар аст.
Муқаддама Ҳошимова - мудири шӯъбаи САҲШ Суғд ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, "аз моҳи январ то марти соли равон 30 нафар бо шаҳрвандони хориҷӣ оила барпо намудаанд, ки ин рақам дар соли гузашта 18 ададро ташкил медод”.
Ӯ мегӯяд, бештари сокинони вилоят бо шаҳрвандони кишварҳои муштаракулманофеъ, назири Узбакистон, Қирғизистон ва Русия, ақди никоҳ бастаанд.
Ин дар ҳолест, ки бино ба хабари расонаҳои русӣ, тоҷикон дар вилояти Свердловск аз рӯйи ақди никоҳ бо сокинони маҳаллӣ миёни дигар шаҳрвандони хориҷӣ пешсаф будаанд. Аз 2 ҳазору 256 ҳолати ақди никоҳи сокинони ин минтақа бо хориҷиҳо дар соли 2014, 712 ҳолати он ба шаҳрвандони Тоҷикистон рост меояд.
Муқаддама Ҳошимова, мудири шӯъбаи САҲШ Суғд меафзояд, аз моҳи январ то моҳи март дар қаламрави вилоят 5 ҳазору 704 нафар оила барпо намудаанд, ки ин нишондод назар ба соли гузашта 1407 адад камтар мебошад: “Яъне, дар соли гузашта 7 ҳазору 111 нафар ақди никоҳ бастаанд. Шумори бекор шудани никоҳ низ дар соли равон 5 адад коҳиш ёфтааст. Дар соли 2014, 1043 адад буд, соли 2015 бошад, 1038 ададро ташкил медиҳад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |