Нақшаи даъват 53%. Дарвоз, Ишкошим, Масчоҳ, Балҷувону Сарбанд пешқадаманд
Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои 53 дарсади нақшаи баҳории даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ хабар дод.
Аз дафтари матбуотии ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки давоми 10 рӯзи оғози даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ комиссариатҳои шаҳру навоҳии вилоятҳои Хатлон ва Бадахшон дар иҷрои нақша фаъол мебошанд. Манбаъ мегӯянд, дар ин давра аз ҷумла ноҳияҳои Дарвоз, Ишкошим, Масчоҳ, Балҷувон, Носири Хисрав ва Сарбанд нақшаи даъвати баҳориро пурра иҷро кардаанд: “Дар умум нақшаи даъват то ҳол дар ВМКБ ба 67%, вилояти Суғд 52%, вилояти Хатлон 62% расидааст”.
Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, нишондоди даъват ба хизмати ҳарбӣ дар навоҳии тобеи марказ 53% иҷро шуда, дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе иҷрои нақша 53 дарсадро ташкид медиҳад.
Даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз якуми апрел оғоз гардида, то охири май идома хоҳад ёфт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |