Бахшҳо

Як соли интихоботи Афғонистон: Серёле, ки ҳанӯз идома дорад

Иршод СУЛАЙМОНӢ

5 апрел аз пурҳангоматарин ва пуртақалубтарин интихоботи замони мо – интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон як сол сипарӣ шуд. Интихоботе, ки гуфта мешуд бар асари он як ҳукумате рӯйи кор биёяд, ки битавонад баъди хуруҷи неруҳои НАТО амниятро таъмин ва кишварро рушд бидиҳад. Вале оё чунин шуд?


Интихоботи Афғонистон аз интихобот ба як тавофуқи сиёсии байналмилалӣ табдил шуд. Ва то ҳанӯз ин интихобот нокомил аст. Ҳукумате, ки мебоист дар заминаи ин интихобот ташкил бишавад, ҳанӯз мукаммал нашудааст. Интихоботе, ки тавассути кишварҳои мудаии демокросии дунё мудирият ва муҳандисӣ мешуду райъи мардум ва ангуштҳои ранголуд ва бурида (дар чанд минтақи ин кишвар ангуштҳои ранголуди интихобкунандаҳоро буриданд)-и мардуми Афғонистон натавониста ба сарнавишти он рақам бизанад. Интихоботе, ки натиҷаи он ҳукумате бо номи ҳукумати ваҳдати миллӣ шуд. Ҳукумате, ки машруъияти он ҳам мавриди баҳсҳои доманадор аст. Ниҳоди баргузоркунандаи интихобот бар хилофи манофеи милии Афғонистон ба як бозичаи сиёсӣ табдил шуд ва бар пояи як латифаи эҷодшуда “Комиссияи мустақили интихобот баъди шаш моҳи бордорӣ дугоник таваллуд кард”.

Савумин интихоботи Афғонистон дар 5 апрели соли 2014, ки ба даври дувум кашида шуд, аҷобатҳои зиёде дошт. Нахуст ин ки бар асоси иродаи нухбагони қудрат (на иродаи мардум) бидуни ин ки касе дар даври дувум барандаи интихобот эълом шавад ба ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ пардохта шуд. Албатта дар ибтидо мехостанд, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ (он замон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай)-ро баранда эълом кунанд. Аммо пойфишорӣ ва бархӯрдҳои ғайри қобили интизори тарафдорони тими Абдуллоҳ Абдуллоҳ, аз ҳамсангарони Аҳмадшоҳ Масъуд ва чеҳраҳои таъсиргузори тоҷикон дар Афғонистони имрӯз сабаб шуданд, баҳси ҷудо кардани орои поку нопок ба миён биёяд.

Тақаллуби густарда ба нафъи Ашраф Ғанӣ, ки тими Абдуллоҳ намунаҳои барҷастаи онро фош ва матбуотӣ намуд, бо баҳси поку нопок будани оро худи интихоботро нопок кард. Аммо худи интихобот ва шеваи иштироки мардум як намунаи бисёр олии демокросӣ дар минтақа буд. Шеваи иштироки мардум аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқболи гарм шуд. Аммо шумориши орои мардум ва натҷаҳои пешниҳодшуда аз ҷониби Комиссияи мустақили интихобот туфе буд, ки тақаллубкорон ва ҷонибдорони сардаргумӣ ва бесуботӣ дар ин кишвар ба рухсораи нозанини як ҷавони навхате дар Афғонистон бо номи Демократия, карданд.
Интизоре, ки аз ин итихобот мерафт – ташкили як ҳукумати интихобӣ-миллӣ бароварда нашуд ва он чӣ бо номи интихобот дар ин кишвар гузашт, фиреби азҳони омма шуд. Ин бор ҳам барои мардуми Афғонистон муҳоҷимин ва хориҷиҳо ҳукумат дуруст карданд. Ҳарчанд ин интихобот беҳтар аз интихоботҳои қабилаӣ, кудатоӣ ва идеологӣ дониста мешавад.

Интихоботи маъруф ба 1393-и Афғонистон дар заминаи омили қавмӣ баргузор шуд ва саранҷом на як чеҳраи миллӣ, балки боз як чеҳраи қавмӣ ба қудрат расид. Аз 11 номзади аввал ҳамагӣ аз қавми паштун ва аз ду қабилаи ин қавм буданд: Залмай Расул, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Қаюми Карзай, Сардор Муҳаммад ва Гулоқо Шерзай аз қабилаи дурронӣ ва Ашраф Ғанӣ, Абдураҳими Вардак, Қутбуддин Ҳилол, Абдураб Сайёф, Ҳидоят Амин Арсало ва Довуд Султонзай аз қабилаи ғалиҷӣ.

Ато Муҳаммади Нур дар гармогармии ҳолу ҳавои баъди интихобот мегуфт, кашолкории ин рӯйдод як сабаб дорад: “Як афғон аз модари тоҷик ҳақ надорад, ки рақами як дар Афғонистон бишавад, агарчи ҳам мардум бихоҳандаш”. Номзадҳои рақами аввал пешвоҳои қавмиро ба унвони ноиби аввал пешниҳод карда буданд. Ашрафғанӣ Дӯстуми узбакро муовини нахуст қарор доду Абдуллоҳ Муҳаққиқи ҳазораро. Дар интихоботҳои қаблии ин кишвар ҳукумате ташкил мешуд, ки раиси ҷумҳур паштун, муовини аввал тоҷик ва муовини дувуми он ҳазора мебуд. Имсол расидани як узбак дар мансаби муовинати якуми раисҷумҳур падидае берун аз қоида дониста мешавад.

Аз ҷониби дигар дар ин интихобот кондидҳои ҷиҳодӣ-ҷангсолор ва текнократ-ғарбсолор вориди рақобат шуданд, ки ба пирӯзии дувумиҳо анҷом шуд. Ва имрӯз ҳукумати “айну ғайн” (عبدالله و غنی) дучори мушкилоти тақсими қудрат аст ва Афғонистон ҳомили як буҳрони сиёсист. Кобинаи ҳукумати ваҳдати миллӣ ноқис аст. Мисли ҳазорон нақсе, ки дар Афғонистон ниёз ба ислоҳот доранд. Ҳукумате, ки мебоист ин навоқисро барҳам бизанад худ як нақси дигаре шуд бар ҳазору анд мушкили ин кишвар. Ҳоло ду роҳбари Афғонистон ба ҷойи ин ки ба ҳалли мушкилоти мардуми мазлуми кишвари худ бипардозанд ҳеч аст, ки барои тақсими қудрат ба тавофуқ бирасанд.

Мушкилоти калидӣ ва ҳамешагии Афғонистон ин аст, ки ин кишвар аз сайтара ва назорати хориҷиҳо бо номи “ҷомеаи байнулмилалӣ” ҳеч раҳо намешавад. Ин буд, ки мушкилоти қабулонидани натиҷаҳои интихобот вазири хориҷаи Амрико Ҷон Кериро борҳо ба Афғонистон кашонид ва СММ ҳам бо тавофуқ додани ташкили ҳукумати иҷроя дар паҳлӯи раиси ҷумҳурӣ лоиҳаи Ғарб (варианти б)-ро бо номи “ҳукумати ваҳдати миллӣ” машруъият бахшид. Ва акнун Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо сипаридани 2 сол дар раъси ҳукумати иҷроия, баъди ислоҳи Қонуни Асосӣ бояд ба нахсутвазирӣ бирасад.

Бузургтарин мушкилоти мавҷуди Афғонистон набуди амният, бекории ба авҷи худ расида, ҳузури ДИИШ, фасоди густардаи моливу идорӣ, мушкилоти қавмиву қабилавӣ, Толибон, хурофоти диниву қабилавӣ аз ҳукумати ваҳдати миллӣ роҳҳалҳо ва роҳкорҳоро суроғ доранд. Хусусан, ислоҳи низом ва тағйири сохтори сиёсӣ ва маъмурии кишвар, ки гуфта мешавад оғозаш ҳукумати “айну ғайн” аст, эҳтимоли табдил ба як омили хатарзоро дорад. Зеро дилпизишкони сиёсӣ ҳеч намегузоранд, ки қалби Осиё мавзун тапиш бихӯрад.

Аз сӯйи дигар гардишҳои куллие дар сиёсати хориҷии Афғонистон дида мешавад. Музокирот ва сулҳ бо Толибон, ки тоза аз сар гирифта шудааст дар гузашта борҳо аз ҷониби Толибон вайрон карда шуд. Ё барои аввалин бор дар таърихи ин кишвар ҳимояти Афғонистон аз Арабистон Саудӣ дар ҷанг ва низоъи Яман бисёр падидаҳои ғайриинтизор дар Афғонистони баъди интихоботи 93 мебошанд. Арабистони Саудие, ки ҳукумати ниму николаи Толибонро дар солҳои навадуми қарни гузашта яке аз нахустинҳо шуда ба расмият шинохт. Толибоне, ки боис шуданд, то Амрико дар раъси неруҳои НАТО барои солҳои номушаххас дар Афғонистон ҳузур пайдо кунад.

Сарнавишти интихоботи 93 ва ҳар интихобти дигар дар Афғонистон гиреҳ мехӯрад ба як масъала. Кӣ бояд дар Афғонистон рақами аввал бошад: тоҷик ва ё паштун? Сарнавишт ва умри кутоҳи ҳукумати Ҳабибулохони Калаконӣ ё Бачаи Саққо дар солҳои оғозини қарни бист маълум кард, ки дилпизишкони сиёсии қалби Осиё намехоҳанд тоҷикҳо рақами аввал бошанд. Он замон ҳам Инглистон ва ҳам Русия (Шӯравӣ) барои шикаст додани ҳукумати Бачаи Саққо тамоми талоши мумкинро карданд. Ҳукумати Муҷаддадиву устод Раббонӣ ҳам дар поёни асри XX нишон дод, ки ҳузури тоҷикҳо ба унвони нафари аввал дар қудрати сиёсии Афғонистон ба манофеи қудратҳо мухолиф аст. Аз сӯйи дигар дар панҷаи паштунҳо будани ҳукумат ҳамеша бо пуштибонии хориҷиҳо даст додааст, ки худ як омили буҳронӣ кардани вазъ мебошад.

Дар ҳар сурат, то ҳол нагузоштаанд, ки иродаи сиёсӣ ва райъи мардуми Афғонистон битавонад як ҳукумати машруъи миллӣ-интихобиро дар Афғонистон ниҳодина кунад. Паёми интихоботи 93-и Афғонистон барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ин буда метавонад, ки зери бор ва сайтараи хориҷиён рафтан ва мушкилоти мардуми кишвари худро канор гузоштану ба дунболи таҳким ва инҳисори қудрати сиёсӣ гаштан саранҷом ба бебандуборӣ меоварад. Албатта, таҳаввулоте, ки дар ин як гӯшаи Хуросони бузурги пешин ба вуҷуъ меояд ба сарнавишти мардуми тоҷик ва Тоҷикистон бетосир нахоҳад буд. Аммо бо роҳи миллӣ-интихобӣ ноил шудан ба як ҳукумат орзуи кишварҳои минтақа боқӣ мемонад.

Акнун бо сипаридани як сол аз интихобти 1393-и Афғонистон ҳанӯз ҳам як танзи муҷрии маъруфи шабакаи 1-и ин кишвар оқои Ҷалолӣ аз хотир намеравад. Дар барномаи “Шабханд” Ҷалолӣ аз як филмсози ҷавони Афғонистон савол кард, ки ҳоло нақшае барои сохтани филмҳои тоза дорад? Филмсоз ҷавоб дод, ки “ҳамин интихобот (он замон компайни интихоботӣ баргузор мешуд) бахайр пушти сар шавад, мо нақшаҳоро амалӣ мекунем”. Ҷалолӣ гуфт: “У бача, чӣ мекуни интихобота, бру пушти корат бош. Ин интихобот нест, ин серёл аст, ки Худо медона қисмати охираш кудом сол аст!”

Мутассифона ин серёл бо филмсозӣ ва коргардони бегона ҳанӯз идома дорад.
Мӯҳр
ж
Серёл не, сериал гуед. Чи мардумро маскара мекунед?

Офарин Иршод! Маводи вокеан хондани!

Авгонистон ватани точикон аст дар он чо набояд кабзуку почдун хукумрони кунад.Сардори давлати авгонхо бояд точик бошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)