Бахшҳо

Муфтии Саудӣ: Ман нагуфтаам, гушти зан ҳалол аст

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ, муфтии Арабистони Саудӣ содир шудани фатвое аз ҷониби худ барои иҷозаи хӯрдани гушти занро рад кард.

Ин руҳонии рақами яки саудӣ мегӯяд, ҳаргиз фатвое барои ҳалол хондани гушти зан дар ҳолати гуруснагии шадид содир накардааст ва навиштаҳои баъзе аз расонаҳои хабарӣ дар ин бора асос надорад.

Абдулазиз ибни Абдуллоҳ рӯзи 9 апрел дар суҳбат бо хабаргузории Саудӣ гуфтааст, “Худованд инсонро новобаста аз ҷинс, яъне зан ё мард мукаррам гардонидааст ва ҳар ду як ҳукм доранд”.

Ахиран, бархе аз расонаҳои хабарӣ аз номи Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ фатвоеро нашр карданд, ки хурдани гушти занро дар ҳолати гуруснагии шадид барои шавҳар иҷоза медиҳад. Аммо шайх Абдулазиз нашри ин гуна фатвоҳо аз номи худро кори дасти афроде хондааст, ки мехоҳанд, миёни мардум фитна барангезанду мақоми инсон дар дини Исломро поин нишон диҳанд.
Мӯҳр
Мусилим
ачаб миллати нодону кафомондае дорем. хатто рузноманигорон ки аз кишри олимон хисоб мешаванд хамин тухмат ба исломро дар тамоми сахифахои фейсбукиашон нашр карданд. барои бемаъно ва тухмат будани ин "фатво" лозим буд камтар андешакуни. Аллох Таъоло душманони ислом ва тухматгаронро хору залил гардонад, омин

Ачаб замоне шудаст охиста охиста гушти якдигарро мехурем, кадом беакл гушти занро мехурад, о аз гуруснаги мурихам ин корро ба фикрам хечкас намекунад

антисалафи
ин мулло аз гапаш гашт бо ку. барои хамин аввал андеша баъд гуфтор. шунидам ки дар арабистон зан баробари зоги сиёх кадр доштааст. Хай кушта хурдан гиред.

О мо точикхо дар сахнахову туйхо хофизахову раккосахоро баланд дод зада,о,о,о бухурумуте,дамут кашуме,бумурумуте,э дар асал тарут кунуму куртут кунумуте.,мегувем ку?.Е ягон духтари хушрура бубинем,е ягон знаки зебора,э дар ту бумуруме,э бухурумта мегем..Ана хаму шайх яке хамита гуфтай да,.инчо хато шудай,хеч вакт ин хел набуду намешавад,..Худо накунад,набошад,ягон хофизаву раккоса намемонад,мухлисон онхоро мехуранд.

Журналистони мухтарам! Бояд ин хабарро руи чоп намеовардед, бигзор хатто рост бошад хам. Бе ин хам имрузхо дар ватанамон вазьият нигаронкунанда аст. Рузе нест ки хабари шуми куштор ё дигар чиноятро нашунавем...Монед мо занхо тинч гардем, лукмаи шавхарам шудан намехохам.

Албаттара ин вазифаи хар як рузноманигор аст, ки тамоми хабархоро бояд ба мардум расонанд бе ягон каму зиёд. Шумо набояд зидияти кунед ин масъалахо хали худро меёбанд.

Булхавас,
лек хело хандонди, ачабо халки содавву ба хама гап бовар мекардагием.

сино
Антисалафи ту ё антиалафи намедонам худат дар пеши ҳамун муллои сауди буди ки мегуйи ки аз гапаш гаштааст. Ё ягон далел дори??? Шунидам ки..... мегуянд ки ........Инҳо далел шуда наметавонанд.

аслам
Мусилим,
худованд хар яки моро токат сабри бахшояд, то ки аз акли харгиз бегона нашавем,ва ба ин рузи харгиз нахоем расид....

Худоро шукр, ки посухи ин шоеъаро додед. Аз рӯзномае ба банда занг зада дар хусуси он хабар назар хоста буданд ва гуфта будам, ки ин шоеъаи бадхоҳона аст ва баъид аст, ки инсони оқиле чунин фатво содир кунад. Эҳсос мешуд, ки аз ин суханоне ман чандон қонеъ нашуданд. Ҳоло матбуоти озоди Тоҷикистон, чаро ҳар хабареро аз расонаҳои бегона иқтибос кунад, чаро бо мароҷеъи аслӣ дар ин асри пешрафти бесобиқаи технологияҳо худамон иртибот надошта бошем? Вобастагии иттиллоотӣ бадтарин ва хатарбортарин вобастагӣ аст. Бардагии ақлу чашму гӯш аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)