Бахшҳо
10 апр 2015 08:19Тоҷикистон / Иқтисодӣ

7 назар. Дарси коррупсия ба кӣ дода шавад: хонандаҳо ё мансабдорон?

Ахиран, дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм, ки шанбеи чоруми апрел баргузор шуд, пешниҳод шуда, ки дар барномаҳои таълимии мактабҳои кишвар дарси мубориза бо коррупсияро ворид кунанд. Ба дунбол бисёре аз андешамандон ва коршиносон гуфтанд, беҳтар аст, чунин дарсҳо ба мансабдорон омӯхта шавад. Дар зимн, “Озодагон” ҳам аз ҳафт соҳибназари тоҷик пурсид: ДАРСИ КОРРУПСИЯ БА КӢ ДОДА ШАВАД: ХОНАНДАҲО Ё МАНСАБДОРОН?


Хуршед АТОВУЛЛО, коршинос

То ҷое шунидам дарсе ҳам, ки рабт ба дин дорад бояд дар мактаби миёна таълим дода шавад. Агар чунин бошад, ҳоҷат ба дарси зиддикоррупсия нест. Агар дарси зиддикоррупсия дар донишгоҳҳо дода шавад, беҳтар аст, чун қисме аз донишҷуён мансабдорони оянда ҳастанд.

Ато МИРХОҶА, муовини сармуҳаррири нашрияи “Ҷумҳурият”

Дар мактаб, ки таълим додан лозим бошад, албатта ба хонандагон рабт дорад. Агар сарвазир ва вазорат чунин тасмим гирифта бошанд, пас ин иқдом зарурист.

Умед ҶАЙҲОНӢ, коршинос

Ҳам донишомӯзонро ва ҳам мансабдоронро бояд аз пайомадҳои фасодкорӣ дар кишвар огоҳ кард. Вале мансабдоронеро, ки даст ба фасод мезананд, бояд ба додгоҳ кашид.

Ҳикматулло САЙФУЛЛОЗОДА, коршиноси масоили сиёсӣ

Бале, масъалагузорӣ духура менамояд ва ин хоси ҷомеъаест мисли Тоҷикистон, ки роҳи ҳал дар куҷост. Вақте мушкилоти масъулияти волидайн дар тарбия ва таълими фарзанд мавриди баҳс қарор гирифт, доираҳои баҳс ба ин фикр расиданд, ки вақте волидайн ба тарбия таваҷҷуҳ ё имкони сарф кардани вақти хешро дар ин самт надоранд, пас чигуна ин масъалаи муҳим ҳалли хешро пайдо мекунад? Ҳоло айни ҳамин масъала бояд мушкили дигареро ҳал кард, он ҳам барҳам задани коррупсия дар ҷомеъаи кишвар. Вале чигуна ва аз чӣ бояд оғоз кард? Агарчи корҳои зиёде дар ин маврид анҷом ёфтанд, вале коррупсия кам нашуд, балки фарогири тамоми ҷомеъа гардид. Пас ҳоло аз нигоҳи банда, ҳукумат рӯ овардааст ба ислоҳи масъала дар афкори насли наврас, инро аз таъин намудани дарси таълим дар низоми маъориф фаҳмидан мумкин аст. Аммо омилони коррупсия ба дараҷае мурракаб ва печидаанд, ки такмил ва тақвияти афкори хонанда алайҳи коррупсия чандон муассир нахоҳад буд, агарчи онро амри зарурӣ гуфтан мумкин аст. Асли мушкил муносибати мақомот ва масъулини ҳукуматӣ бо ин падидаи номатлуб аст, ки мутаасифона бо таъсису барҳам задани ину он ниҳод ҳич коҳиш пайдо намекунад. Ба ҳар ҳол, ҷомеъа ба ин умед аст, ки бо омадани Рустами Эмомалӣ, фарзанди сарвари давлат бо сарварии Оҷонсии мубориза бо коррупсия масъулини воломақоме пушти панҷара бурда шаванд, ки бо пуштибонии онҳо корманди зерниҳодаш даст ба коррупсия мезанаду нисбати ӯ чорае намеандешад.

Исфандиёри НАЗАР, шоир

Ин хоста як вақтҳадаркунӣ, як фиреби назар чизе беш нест. Ба хонанда дар ин бора чи мегӯянд? Вақте калон шудед пора нагиред ё пора надиҳед? Ҳангоми қабул пул надиҳед ё барои ба даст овардани ҷойи кор пул пешниҳод накунед? Чиро мегӯянд ва чи тур мегӯянд? Беҳтар аст, ки ин дарсро дар тамоми идораҳои давлатӣ ба роҳ монанд ва ба онҳо аз оқибатҳои ин амали зишташон дарак диҳанд.

Муҳибуллоҳи ҚУБОН, коршинос

Аввал муайян бояд кард, ки он чи гуна дарс хоҳад буд, илвагӣ ва ё ҳамчун як фанни алоҳида. Ба ҳар ҳол ин иқдоми хуб аст, зеро ҳамон талаба мансабдори оянда аст. Ва ё мансабдори имрӯза шогирди дирӯза аст.

Лола ОЛИМОВА, журналист

Ин кори дуруст аст, ки сарвазир тасмим гирифтааст, мубориза бо ришваситонӣ аз мактабҳо оғоз шавад. Беҳтар мешуд, ки аз кӯдакистонҳо ин кор сар шавад. Мумкин ин як пешниҳод аст, ва механизми онро ҳоло хуб фикр накарданд. Аммо ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки коррупсия то ба ҷое расидааст, ки давлатдорон ҳам дигар чашмонашонро пӯшидан наметавонанд. Бигзор тайёр кунанд муаллимонро барои гузарондани ин дарс. Мумкин онҳо низ баъд аз хондани барнома, тайёрии хуб дида, дигар аз пора гирифтан шарм доранд.
Мӯҳр
ш Душанбе
Ба рои пешгирии омилхои коррупсиони ....зарурияти фахмондадихи ва дарсхои иловаги зарурият надорад...на ба мансабдорон на ба мактаббачагон...чунки сатхи зиндаги мардумро, ва вазияти иктисодиро , ва бо маоши хуб таъмин кардани хизмачиёни давлати ...баъдан карупсия аз байн худаш нест мешавад....

Коррупсионер
Таълимро аз боғчаи кӯдакон сар кардан даркор, на аз мактабу донишгоҳҳо.
Барои кормандони давлатӣ ин дарсҳо бефоидаанд. Чунки онҳое, ки мансабро бо пора харидаанд ё ба коре дохил шудаанд, дар ҳар ҳолате набошанд, онро талаб мекунанд ва мегиранд, бояд пули масрафкардаи худашонро баргардонанд. Онҳое, ки бе пора вориди коре шудаанд муддате чанде ба пора даст хоҳанд зад, чун мебинанд, ки адолати иҷтимоӣ нест. Муҳимтарин фактори порахӯрӣ дар Тоҷикистон - ин набудани адолати иҷтимоист. Мансабдор даҳ бист сол кор мекунад, мебинад, ки ҳеч умеде аз оянда нест ва дар сатҳи роҳбарии идора ё мақоме набошад аз ду се ҳазор сомонӣ бештар маош намегирад. Пас чӣ метавон кард? Зинда бод пора! Зинда бод "кор ҳал кунӣ"! Зинда бод миёнаравӣ!
Ин аст ҳақиқати ҳол дар Тоҷикистон.

Пора санги хораро об кардаст мегуянд. Акнун хуб казоват кунед, ки бо чи амал бояд мубориза бурд. Ингуна муборизаро ки мехохад дар асл рохандози намояд?, хамоне, ки худ сабабгори пахншавии чунин амали зишт аст! Хамагон шохид хастем, ки хамаи кишрхои чомеа дар ин вабо гутидаанд. Танхо пархезгори ва эмондори вояи асосии пешгирикунандаи ин зухуроти номатлуб ва нанговари чомеа шуда метавонад. Дархои масчидхоро барои хама боз намуда, ичозат ба олимони ислом бояд дод то аз нигохи дин чомеаро даъват ба пархезгори намоянд. Ин кормандони сохаи маориф (аз чумла омузгорон), ки кисмати 99 фи сади худи эшон даст ба ин амал мезананд, хечгох тавассути танхо ин кишри чомеа пеши рохи ин фочеа гирифта намешавад.
пахлуи дигари хали ин мушкилот, ин Худи Давлат бояд барои баландбардории некуахволии ичтимоии ахоли (Хамаи кишрхои чомеа) сидкан чахд намояд. Ба илати асоро аз муссо чустан кор хал намешавад!

" Дарси ("СКРЕТ"-и) коррупсия " ва " макри зан " -ро фахмидан душвор аст , то некуахволии халк ва давлатдорон мусови нагардад ,
инсоф аз нафс пеш нагузарад ва гайраву хоказохо ... ягон дарс пеши рохи коррупсия дошта наметавонад ......!!!!!

кулоби бача
786
Салом. Ин ришва диханда ва ришва хори дар таълими исломи омадааст, ки харду манъ ва гунох аст. Як мусулмон бояд пархез кунад.
Пас зарурат дорад ки таълимот хамагони бошад ОИЛА - МАСЧИД - МАКТАБУ ДОНИШГОХХО. Хар кадоми инхо дар масулияташ кутохи ва акибмонад он чоме ба фасоду танкиси ва нобуди кашонида мешавад. Хар сето бохам дар канори хам чомеаро ташкил дода ва пешмебаранд. Тамоми басхои чомеаи муслимин дар дастгирии хамн 3-то ободу осоишта мегардад бешак. ЯДУЛЛОХА МАЪА ЧАМОЪА. Ва...

ш.Кулоб
Дарси корупсия барои мансабдорон ва хешутаборон шарту зарур аст!

Чамолиддин
10 сол кабл мавзуъи вакте пешгири аз нашъаманди матрах мешуд, нафаре дар як вохури бо рохбари давлат пешниход кард, ки дарси пешгири аз нашъа дар мактабхои миёна ба рох монда шавад. Соли гузашта зиёие пешниход дошт, ки рохи пешгири аз пошхурии оилахо таъсиси фани "Маърифати оиладори" дар мактабхои тахсилоти миёнаи умуми аст. Инак сарвазири мамлакат бобати пешгири аз коррупсия шуд ин пешниходро кардааст.
Аммо, барои пешгири аз коррупсия муборизаро бо корупсионерхо таквият бояд дод. Рохбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсия бояд консепсияи чадиди мубориза бо коррупсияро тахия намуда, аз руи он фаъолияти сохторро ба рох монад

одил
Фасодкори дар хуни мардуми Осиеи Миена буд ва мемонам.Ба мукобили он мубориза бурдан гайриимкон.Хусусан точик доимо кушиш мекунад.ки чи тавр барои хизматаш.ки он вазифааш аст пул бигирад.!00% мардуми мо ришвахор хастанд новобаста аз макомашон.Агарягон одами бе мансабро хам мансаб диханд у хам даст ба ришва мезанад чунки фасодкори.ва рибохгири дар хуни мо хаст.Дар Точикистон одами тоза вучуд надорад

ш Душанбе, Сад дар сад дуруст. лекин, баъзан "тарки одат амри мухол"!

Ягона рохи хал хукми катл ба мансабдори коррупсионер. дигар чунин икдомхо вакт ва масрафи зиёдатианд. Мисол Хитой чунин кардааст.

Беҳтар мешад, ки дарс ба мардуми оддӣ омӯзонида шавад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)