Шӯрои уламо: Гоҳе фарзандонро ба намози ҷумъа баред
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо нашри як матлаби иборат аз 30 банд масъулияти падару модар дар тарбияи фарзандро аз нигоҳи дини Ислом бо такя ба оятҳои Қуръон шарҳ додааст.
Масъулини Маркази исломии Тоҷикистон дар баробари омӯзиши илму ҳунар бурдан ба намози ҷумъаву шинос кардани фарзанд бо равиши зиндагии паёмбари Ислом ва Қуръонро яке аз масъулиятҳои дигари волидайн хондаанд. Дар банди 12 ва 13-и ин матлаб, ки дар сомонаи расмии Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон - “Muftiyat.tj” нашр шудааст, гуфта мешавад, “гоҳе онҳоро ба намози ҷумъа ва маҷлисҳои динию фарҳангӣ бибаранд. Онҳоро бо Қуръон ва равиши зиндагии Расули Худо (с), инчунин бо суханон ва андарзҳои бузургон ошно намоянд”.
Ба навиштаи масъулини ин марказ, волидайн муваззафанд, ба фарзандони худ раҳму шафқат бо зердастон, илму дониш ва ҳунарро омӯзанду дар қалби онҳо боварӣ ва эътимодро эҷод кунанд: “Бо имон ва ахлоқу одоби динию иҷтимоӣ онҳоро ошно намоед”.
Дар матлаб инчунин таъкид шудааст, барои фарзанд бояд фазилати корҳои динию дунявӣ ва боло донистани манфиатҳои ҷомеа аз фардиро биомӯзанд: “Дар умури дину дунё онҳоро масъулиятшинос тарбият намоянд. Ба онҳо биомӯзанд, то ҳамвора фазилати умури ухравиро бар умури дунявӣ муқаддам бидоранд ва ҳифзи манфиатҳои ҷомеаро бар манфиатҳои фардӣ бартарӣ диҳанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |