Аз донишҷӯи донишгоҳи политехники Тоҷикистон маводи сахттаъсири ҳероин дарёфт ва мусодира карда шуд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд, ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, наздикии тарабхонаи «Лесная Сказка», шаҳрвандон Фирдавс Камолов 22 сола (истиқоматкунандаи маҳаллаи Меҳробод, хонаи 190), донишҷуӣ бахши 4-уми донишгоҳи политехникӣ ва Фазлиддин Расулов 23 сола, (истиқоматкунадаи кӯчаи Қабодиён, хонаи 22/1,) бекор, мавриди тафтиш қарор гирифтанд. Зимни кофтукоби шахсӣ аз борхалтаи Фирдавс Камолов маводи сахттаъсири ҳероин, ки вазнаш 1 кг 68 грамм дарёфт ва мусодира карда шуд. Оиди ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр