Намоишгоҳи байналмилалии “Баҳор-2015” дар Кохи Борбад
Имрӯз дар Кохи Борбад Намоишгоҳи байналмилалии саноатӣ ва тиҷоратии “Баҳор-2015” боз шуд, ки то 12-уми апрел давом мекунад.
Дар ин Намоишгоҳ бештар аз 100 иштирокчӣ аз ширкатҳои гуногуни тиҷоративу саноатӣ аз кишварҳои Русия, Қазоқистон, Ҳиндустон, Укроин, Белорус, АМА, Чин, Лаҳистон, Булғористон, Эрон, Фаронса, Олмон, Афғонистон, Туркия, Тоҷикистон ва чанд кишвари дигар маҳсулот худро пешниҳод менамоянд.
Мукаммал Одинаева, сухангӯйи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки дар Намоишгоҳ ба муддати 4 рӯз аз соати 10 то 18 маҳсулоти ширкатҳо пешниҳод мешавад. Дар ин Намоишгоҳ ширкатҳо ва корхонаҳо маҳсулоти сохтмонӣ ва пардозгарӣ, энергетика ва саноати маъдан, хурокворӣ ва нӯшок, кишоварзӣ ва хоҷагидорю чорводориро ба фурӯш мегузоранд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки аз Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ ширкатҳои саноативу тиҷоратӣ аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Қурғонтеппа ва Турсунзода иштирок мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |