ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: Президент раиси панҷ шаҳру ноҳияро иваз кард
Бобоалӣ Табарзода бо як фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз вазифаи раиси шаҳри Турсунзода озод карда шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар, ин тағйироти кадрӣ субҳи 9 апрел сурат гирифтааст. Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон бо фармони дигари худ Сиҷоуддин Саломзода, раиси пешини Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати Тоҷикистонро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода таъин намудааст.
Инчунин бо як фармони раисҷумҳури кишвар Маҷидӣ Мӯҳтадӣ Хайрулло аз вазифаи раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд озод шуда, Ориф Хоҷаев, собиқ раиси Кумитаи идораи замини вилояти Суғд иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ноҳия таъйин гардидааст. Мираллӣ Раҷабзода низ бо дастури раисҷумҳури кишвар ба хотири ба кори дигар гузаштан аз симмати раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон барканор шуда, ба курсии ӯ Фатҳулло Ҳурматов, собиқ сардори Кумитаи заминсозиии вилояти Хатлон такя задааст.
Эмомалӣ Раҳмон бо як фармон Саидмурод Тағозодаро бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ озод намуда, ба ҷои ӯ Муҳаммадраҳим Юсуфи, собиқ муовини раиси ноҳияи Рудакиро иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи мазкур таъйин кардааст. Ҳамчунин, Каримиён Имомназар аз вазифаи раиси ноҳияи Файзобод барканор ва ба ҷои ӯ Миралӣ Раҷабзода иҷрокунандаи вазифа таъйин шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |