Боздошти зани 41-сола барои хариду фурӯш бо доллар
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як соҳибкори бозори “Корвон” хабар дод, ки дар хариду фурӯши ҷавоҳирот бо асъори хориҷӣ муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, рӯзи 8 апрел дар пайи амалиёт кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як зани 41-солаи сокини шаҳри Душанберо бо гумони муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ дастгир намудаанд. Манбаъ мегӯяд, дастгирушуда дар нуқтаи савдояш, воқеъ дар бозори “Корвон” ҳангоми фурӯши ҷавоҳироти тиллоӣ, ба ивази 2 соати тилло аз харидор 9800 доллари амрикоӣ гирифтааст. Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Боздошти ин соҳибкор барои муомилот бо асъори хориҷӣ дар ҳолест, ки раҳбарияти Бонки миллӣ ба тоҷирон ҳушдор дода буд, аз хариду фурӯши молашон бо асъори ғайр худдорӣ намоянд, зеро қонунгузории кишвар чунин муомилотро манъ кардааст. Мақомоти қудратии Тоҷикистон қаблан низ аз боздошт ва оғози парванда нисбат ба чанд тоҷири кишвар барои ба фурӯш гузоштани молашон бо асъори хориҷӣ хабар дода буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |